Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ як дастури таблиғиро ба забони тоҷикӣ омода кардааст, ки дар он тавсияҳои пешгирии сироят ба короновируси 2019-nCoV гирдоварӣ шудаанд.

Беш аз як моҳ аст, ки дар бораи густариши короновируси чинӣ сару садоҳо баланд шудаанд. Имрӯз он аллакай аз марзи Чин берун рафтаву даҳҳо кишвари дигарро ҳам фаро гирифтааст.
Мамлакатҳои ҷаҳон тадбирҳои иловагиро ҷиҳати коҳиши хатари сироят ба ин вируси марговар меандешанд. Яке марзашро ба рӯйи чиниҳо ва ҳама афроди омада аз Чин мебандад, дигаре кулли иртиботҳои ҳавоиву заминиро бо Чин маҳдуд мекунад ва ё куллан мебандад. Аммо бо вуҷуди ин вирус рӯз аз рӯз доираи ҷуғрофии сирояти худро васеъ мекунад.
Тибқи омори ахир, ҳоло дар Чин бештар аз 20 ҳазор нафар чун сироятшудаи ин вирус ба қайд гирифта шудаву теъдоди фавтидагон ба 425 нафар расидааст. Берун аз хоки Чин 150 нафар мубталоёни ин беморӣ сабти ном шудаанд. Рӯзи 2-юми феврал аввалин қурбонии ин беморӣ берун аз хоки Чин – дар қаламрави Филиппин ба қайд гирифта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста