Аз 1057 нафар шаҳрвандоне, ки баъди аз Чин ба Тоҷикистон омадан дар беморхонаҳои сироятии ҷумҳурӣ ба карантин гирифта шуданд, 330 касро ба хонаҳояшон ҷавоб доданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳозир дар минтақаҳои карантини кишвар 727 кас боқӣ мондаанд.
“То имрӯз дар Тоҷикистон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар касоне, ки дар карантин қарор доранд, аломатҳои коронавирус мушоҳида нашуда, вазъи солимии ҳамаашон қаноатбахш мебошад. Пас аз 14 рӯзи нигаҳдорӣ дар карантин онҳо ба хонаҳояшон рафта метавонанд. Баъди ҷавоб шудан ҳам мо вазъи онҳоро зери назорат нигоҳ медорем”, - хабар доданд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз аз беморхонаи сироятии шаҳри Исфара 4 нафар ва рӯзи 16-уми феврал аз беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб 6 нафар, ҳамчунин як рӯз пеш аз ин беморхона 29 нафар ҷавоб шудаанд.
Давоми рӯзҳои 14 ва 15 феврал аз беморхонаи сироятии маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 236 нафар шаҳрвандони дар карантин қарордошта рухстӣ шуданд.
Тавре ба “Азия-Плюс” аз беморхонаи мазкур хабар доданд, айни ҳол он ҷо ҳеҷ кас дар карантин қарор надошта, бемористони сироятии шаҳр ба қабули шаҳрвандони дигар омода аст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 13 ҳазор нусха маълумотнома ва тавсияҳои Созмони ҷаҳонии беҳдоштро оид ба коҳиши хатари сирояти коронавирус нашр ва тақсим кард.
“Ҳадаф аз ин иқдом ҳарчи бештар огоҳонидани аҳолӣ оид ба ин беморӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирӣ аз сироятшавӣ ба он мебошад”, - шарҳ доданд дар Вазорат.
Ҳамчунин корҳои омодасозии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба ҳолати муайянсозии ин беморӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии коронавирус миёни шаҳрвандони кишвар идома доранд.
Шуъбаҳои сироятии муассисаҳои тиббии кишвар шабонарӯзӣ фаъолият доранд ва ҳар як шахс метавонад аз ташхис гузарад. Чунин ташхис барои ҳама бепул мебошад. Ҳамчунин шаҳрвандони кишвар метавонанд ба шуъбаҳои сироятӣ занг зада, ба суолҳои худ дар бораи ин беморӣ посух гиранд.
Беморхонаҳои сироятӣ:
Душанбе – 907725432
Мурғоб – 935843770, 937036461
Хоруғ – 937335745
Исфара – (83462) 21843
Кӯлоб – 985656567
Хуҷанд – (83422) 55450, 43911
Бохтар – (83462) 21843.
Аз ин маводи мо дар бораи аломатҳои коронавирус маълумоти муфассалтар пайдо карда метавонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста