Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таҳияи лоиҳаи қонун “Дар бораи ҳимоя аз табъиз” оғоз карданд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи огаҳ аз парлумони кишвар хабар дод.
Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки ҳайати он аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), мутахассисони Вазорати адлия ва вакилони парлумон иборат аст.
Бо дастури сарвари давлат, қабл аз пешниҳоди лоиҳаи қонун ба ҳукумат ва парлумон, он бояд мавриди баррасии васеи аҳли ҷомеа, бахусус, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирад.
Тавре дар парлумон қайд карданд, дар самти таҳияи лоиҳаи қонун аз таҷрибаи кишварҳои хориҷӣ истифода мешавад.
Ба ақидаи таҳиягарони лоиҳаи қонун, он бояд ба талошҳои давлат дар кори беҳбуди ҳимоя аз табъизи нажодӣ, динӣ, иҷтимоӣ ва дигар навъҳои поймолсозии ҳуқуқ мусоидат кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста