Соли гузашта 5 ҳазору 736 нафар шаҳрвандони кишвар бо арзу шикоят ва дархости кумак ба палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.
Муроҷиатҳои интихобкунандагон ба вакилон хаттиву шифоҳӣ ва тариқи занги телефону интернет ворид шудааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов хабар дод, мардум бештар аз кори соҳаи иҷтимоӣ ва мақомоти адлия арзу шикоят мекунанд.
“Дар навбати аввал, аз норасоии манзил, ҷудо нашудани қитъаи замин барои сохтмони он, маблағи ночизи нафақа ва кумакпулиҳо, дастрасӣ надоштан ба доруворӣ шикоятҳо ворид шуданд, - мегӯяд ӯ. - Сипас норозигӣ аз кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо. Одамон аз боздоштҳои ғайриқонунӣ ба ақидаи онҳо, ҳукмҳои ниҳоят сахти судӣ, тақсими беадолатонаи амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо ва ғайра шикоят карданд”.
Ӯ таъкид дошт, ки муроҷиат ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон баррасӣ ва дар доираи салоҳиятҳои вакилон ҷиҳати омӯзиш ва чораҷӯйӣ ба сохторҳои ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фиристода шудаанд.
Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саидҷаъфар Усмонзода ба хабарнигори “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки аксари муроҷиатҳои шахсан ба ӯ расида бештар ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон, гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил ва тақсими амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо дахл доштанд.
“Бисёре аз маъбон ҳайронанд, ки чаро онҳоро бе ягон сабаб аз як гурӯҳи маъюбӣ ба гурӯҳи дигари кумакпулиаш камтар гузаронидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазъи солимии онҳо беҳтар нашуда, баръакс, бад мешавад”, - қайд кард ӯ.
Вакили парлумон зикр кард, ки аксарият аз масъалаи гирифтани қитъаи замин барои сохтмони манзил дар ташвишанд.
“Одамон дар заминҳои серҳосили наздик ба хешовандонашон қитъа гирифтаниянд, - иброз дошт ӯ. - Дар шароити Тоҷикистон, ки ҳар як пораи замини ҳосилхез ба тилло баробар аст, ин кор ғайриимкон мебошад”, - таъкид дошт Усмонзода.
Ӯ дар мавриди бисёр будани арзу шикоятҳо аз тақсими амвол ҳангоми ҷудошавии оилаҳо низ изҳори назар кард. Ба ақидаи вакил, дар ҷомеаи Тоҷикистон ин масъала хеле ҳассосу рӯзмарра аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста