Шӯрои директорони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) стратегияи нави кишварро барои Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Барнома афзалиятҳои Бонкро дар ҷумҳурӣ барои солҳои 2020-2025 муайян мекунад, ки ба ҳалли чунин масъалаҳо, ба монанди муҳити ноустувори макроиқтисодӣ, фазои мураккаби соҳибкорӣ ва осебпазирӣ ба омилҳои тағйирёбии иқлим равона шудаанд.
Дар давраи татбиқи стратегия БАТР ба беҳтар намудани инфрасохтори Тоҷикистон, алоқаҳои минтақавии ҷумҳурӣ ва имкониятҳои шуғли аҳолӣ талошҳои худро равона месозад. Тоҷикистон дар байни тамоми кишварҳои фаъолияти БАТР яке аз кишварҳоест, ки дорои аҳолии ҷавонтарин мебошад.
Афзалиятҳои амалиётӣ ва стратегии БАТР дар Тоҷикистон дар асоси се пояи зерин тасдиқ шудааст:
• Таҳкими рақобатпазирии корхонаҳо ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ;
• Мусоидат ба ҳамгироии минтақавӣ, ислоҳот дар соҳаи энергетика ва рушди пайвастагии инфрасохтор;
• Дастгирии дастрасии васеъ ба инфрасохтори беҳтар ва бизнес-хизматрасониҳо ба занон, ҷавонон ва минтақаҳои суст тараққикарда.
Ҳамкории минтақавӣ барои рушди устувори иқтисоди Тоҷикистон, барои густариши тиҷорат ва амнияти энергетикии он аҳамияти хоса дорад. Тағийроти мусбати иқтисодӣ, аз ҷумла беҳтаршавии муносибатҳои байнидавлатӣ ва пайвастагӣ ба БАТР имкон медиҳад, ки ислоҳоти заруриро дастгирӣ намуда, ба гузариши кишвар ба марҳилаи нави рушди экономики, ки дар рушди бахши хусусӣ асос ёфтааст, мусоидат кунад.
БАТР дар оянда низ ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷм ва густариши доираи фаъолияти худ талошҳоро равона мекунад. Бонк маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтор ва соҳаи энергетика ва дастгирии ширкатҳои бахши хусусиро идома хоҳад дод.
То имрӯз БАТР тавассути 135 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Tоҷикистон зиёда аз 800 миллион евро армоягузорӣ намудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста