Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон барои интихоби роҳбаладони мавсими “Ҳаҷ-2020” озмун эълон кард.
Тавре дафтари матбуоти Кумита хабар медиҳад, талаботи асосӣ барои довталабон огоҳии комил доштан аз аҳкоми маносики ҳаҷ; доштани малакаи хуби ташкилотчигиву муошират бо ҳоҷиён; ҷисман обутобёфта будан; дар шароити душвор кор карда тавонистан ва донистани забони арабӣ ё англисӣ дар сатҳи муошират муайян шудааст.
Гуфта мешавад, дар озмуни роҳбаладони мавсими "Ҳаҷ-2020" нафарони синнашон аз 30 то 60-сола иштирок карда метавонанд.
“Танҳо нафарони ба меъёрҳои зикршуда мувофиқбуда ба суҳбат даъват карда мешаванд, - қайд шудааст дар эълон. - Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро аз 5 то 20 март ба Кумита пешниҳод намоянд”.
Дар эълони Кумита зикр шудааст, ки тибқи муқаррароти Арабистони Саудӣ аз нафароне, ки дар панҷ соли ахир ҳадди ақал як маротиба маносики ҳаҷро ба ҷо овардаанд, дар ҳаҷми 534 доллари амрикоӣ иловапулӣ ситонида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки бар асари хуруҷи коронавирус дар Чин ва паҳншавии он дар бисёре аз кишварҳо, ҳукумати Арабистони Саудӣ вуруди шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, Тоҷикистонро ба кишвар барои адои маросими ҳаҷи умра муваққатан манъ кард.
Мувофиқи квотаи ҷудошудаи ҳукумати Арабистони Саудӣ, соли гузашта ҳудуди 5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба адои маросими ҳаҷ дар маконҳои муқаддаси Ислом мушарраф гардида, арзиши ҳаҷ барои ҳар кадоме аз онҳо 35 ҳазору 138 сомонӣ (соли 2018 – 33,4 ҳазор сомонӣ)-ро ташкил дода буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста