Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар ипподроми Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 28-уми март мусобиқаҳои миллии “Пойга” ва “Бузкашӣ” гузаронида мешавад.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин мусобиқаҳо бо мақсади тарғиби расму оинҳои миллӣ, равнақ додани анъанаҳои миллии бузкашӣ ва аспдавонӣ ташкил шуда, сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар онҳо ширкат варзанд.
Иштирокчиёни фаъол ва ғолибони мусобиқаҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.
Ёдрас мекунем, Наврӯзи ҷумҳуриявии имсола дар назар аст, бо иштироки президенти Тоҷикистон ва ҳудуди 25 ҳазор меҳмону тамошобин аз дохилу хориҷи кишвар, ҳамчунин бо ҷалби зиёда аз 10 ҳазор хонандаю донишҷӯ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шавад.
Барои омодагӣ ба ин маросим дар варзишгоҳи ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд “маршировка”-и хонандагону донишҷӯён ҳамарӯза ҷараён дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини якчанд мақомоти давлатӣ эълом доштанд, барои пешгирии сирояти коронавирус чорабиниҳои оммавӣ қатъ карда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста