Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Президенти ҶТ имрӯз, 20-уми март аз Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон воситаҳои ҳифозатӣ аз короновирус қабул кард.
Тибқи иттилои КҲФ, ин воситаҳои фарогири ниқобҳои ҷарроҳӣ, дастпӯшҳои якдафъаина, собун ва маҳлули зидди бактерия мебошанд, ки қарор аст, миёни кормандони Кумита тақсим карда шаванд.
Дар ин маросим раиси КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, сарвари Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ Ҳодӣ Ҳусайнӣ ва директори Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон Валбург Росс иштирок карданд.
Рустам Назарзода ба шарикони КҲФ барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуда, кумакро саривақтӣ ва гаронарзиш номид.
“Ҳамкориҳои муштараки мо ва талошҳои ҳамаҷониба дар пешгирӣ аз густариши COVID-19 дар Тоҷикистон бидуни шак дар ҳалли мушкилоти бавуҷудомада кумак хоҳад кард”, - гуфт Рустам Назарзода.
Инчунин сарварони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ ва Дафтари намояндагии Швейсария оид ба ҳамкориҳо дар Тоҷикистон суханронӣ карда, изҳор доштанд, ки талошҳои ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷилавгирӣ аз COVID-19 дастгирӣ мекунанд ва гуфтанд, ки ин воситаҳои ҳифозатӣ барои расонидани ёрӣ ба аҳолии ниёзманд метавонад кумак расонад.
Зикр гардид, ки ҳамин гуна кумак ба дастаҳои наҷоти КҲФ дар ВМКБ низ таҳвил дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста