Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, дар давоми як ҳафтаи охир бар асари боло рафтани қурби доллар маҷбур шуданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалияро то 4-5 сомонӣ гаронтар кунанд.
Қурби расмии 100 доллари амрикоӣ, ки ёздаҳ рӯз пеш ба 975 сомонӣ баробар буд, имрӯз 1020 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тавр, нархи 1 кило картошка аз 3,80 сомонӣ то 5 сомонӣ ва нархи ҳамин миқдор пиёз аз 2,50 сомонӣ то 4 сомонӣ боло рафт.
“Афзоиши нарх ба мо, фурӯшандагон, тамоман вобаста нест. Деҳконону ширкатҳо нархҳоро бардоштанд. Мо ҳам маҷбурем, ба мардум бо арзиши бештар фурӯшем. Замона ҳамин аст, ҷойи гила не. Ман 25 сол инҷониб ба тиҷорат машғулам. Замоне буд, ки 1 кило шакар 2,50 сомонӣ нарх дошт. Ҳоло аз 7 сомонӣ кам намефурӯшам”, - гуфт яке аз савдогарони бозори “Меҳргон”.
Ба гуфтаи тоҷирон, имкон дорад, ки нархҳо боз гаронтар шаванд.
“Ҳозир ширкатҳо ба мо як қисми борҳои дар захира доштаашонро фурӯхтанд. Агар ба ин қарибӣ роҳҳо кушода нашаванду онҳо аз Русия бори нав ворид карда натавонанд, пас, маҷбур мешаванд, нархи захираи боқимондаи худро боз гаронтар карда, ба мо диҳанд. Асосан, онҳо аз Русия макарон, равған, гречкаву дигар навъи масулоти ғизоӣ меоранд”, - иброз дошт фурӯшандаи дигари бозори марказии пойтахт.
Дар инфографикаи зер нархҳои бозори “Меҳргон” ва гипермаркети “Ашан” инъикос шудаанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста