Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар мактабҳои миёна ва олии кишвар бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус корҳои таблиғотӣ мегузаронад.
Тибқи иттилои КҲФ, чунин фаъолият дар як қатор мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ҳамчунин 5 мактаби олии пойтахт роҳандозӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни мулоқот кормандони Кумита бо намоиш додани филмҳои омӯзишиву аниматсионӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ ва коҳиш додани эҳтимоли сироят нишон доданд. Дар ин филмҳо ба таври амалӣ қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва зарурати муроҷиати саривақтӣ барои кумакҳои тиббӣ дар сурати ошкор шудани ҳатто яке аз нишонаҳои сирояти короновирус нишон дода шудаанд.
Ғайр аз ин, дар синфхонаҳо кормандони бахши тиббии КҲФ ба хонандагон истифода аз маводи антисептикӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро амалан нишон дода, ба иштирокдорон варақаҳо ва китобчаҳои иттилоотӣ тақсим карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста