Ҳолати марбут ба коронавирус дар Федереатсияи Россия ба вазъи молиявии муҳоҷирони меҳнатӣ зарбаи ҷонкоҳ зад. Онҳо дар ҳолати “худэминкунӣ аз каронавирус” қарор дошта, аз ин сабаб аксарияташон амалан бекор монда, дар ватан оилаҳои онҳо ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуданд. Барномаи мазкур маҳз барои дастгирии чунин оилаҳо роҳандозӣ шудааст.
- Дар робита ба вазъи мавҷуда Раёсати Коммерсбонк Тоҷикистон қарори бесобиқа қабул кард, ки барномаи дастгирии оилаҳоро роҳандозӣ намуда, маблағ ҷудо намояд. Ин маблағҳо бевосита ба кумаки оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, равона мешаванд, - хабар дод Раиси Раёсат Эраҷ Раҷабов.
Барнома аз якчанд марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввали барнома пешниҳод оид ба таъхир гузоштани пардохти қарзи мизоҷоне, ки сарчашмаи даромадашон интиқоли маблағ аст, пешбинӣ шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар мавриди қарзҳои ҷорӣ мизоҷон ба муҳлати 3 моҳ таҳтили қарзӣ гирифта метавонанд. Дар ин муддат мизоҷ аз пардохти фоизҳо аз рӯи қарзи асосӣ озод мешавад. Дар ҳамин ҳол, қайд кардан муҳим аст, ки минбаъд низ ин фоизҳо ситонида намешаванд.
Дар доираи марҳилаи дуюми барнома оилаҳои эҳтиёҷманд барои харидории маҳсулоти мавриди ниёзи аввал – орду равған ва зироати ғалладона, инчунин маводи тиббӣ дар ҳаҷми то 3,0 ҳазор сомонӣ қарз гирифта метавонанд. Ғайр аз ин, ба оилаҳо таъхири пардохт бе гузаронидани фоизҳо бо комиссияи ба сифр баробар пешниҳод мешавад. Дастрас кардани маблағҳо тибқи барномаи дастгирии аҳолӣ бо пули нақд ва дар шакли ғайринақдӣ – бо корт имконпазир аст.
Иқдоми мазкур аз ҷониби яке аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон пеш аз ҳама, бозгӯи масъулиятнокии муассиса назди ҷомеа ва аҳолӣ, аз ҷумла мизоҷони худ аст.
Барои дарёфти маълумоти иловагӣ дар бораи шарт ва иштирок дар барномаи дастгирӣ метавонед бо телефони рақами (+992) 44 630 8888 ба маркази хизматрасонӣ занг занед ё ба наздиктарин дафтари кории Коммерсбонк Тоҷикистон муроҷиат намоед ва ё дар сомонаи www.cbt.tj дархостро пур кардан мумкин аст.
Коммерсбонки Тоҷикистон – бо мо имкониятҳо зиёд мегардад!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста