Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор оғоз кардааст.
Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи мазкур Эраҷ Ҷӯрахонзода хабар дод, фаъолияти он рӯзи 20-уми апрел шурӯъ гардид.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории шуъба аз 15 нафар иборат буда, навъҳои гуногуни корҳои тозакуниву поккорӣ, аз ҷумла, безараргардонӣ (дезинфексия) ва чорабиниҳои нобуд кардани хояндаҳо – мушу калламуш (дератизатсия)-ро анҷом медиҳанд.
“Корҳои безараргардонӣ дар дафтарҳои корӣ, муассисаву ташкилоту корхона, ҷойҳои ҷамъиятӣ, манзилҳо ва дигар макон гузаронида мешаванд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки барои анҷоми чунин корҳо шуъбаи карантинии милитсия бо мошину дастгоҳ ва таҷҳизоти махсус таъмин аст.
“Воситаҳои безараргардониро аз дорухонаҳои байторӣ мегирем. Пеш аз харидорӣ муҳлати амал, гувоҳномаи мол, кишвари истеҳсолкунанда ва санаи тайёр шудани онро месанҷем”, - қайд кард ӯ ва таъкид дошт, ки дар ду рӯзи аввал аз корхонаҳо барои гузаронидани безараргардонӣ муроҷиат карданд.
Эраҷ Ҷӯрахонзода гуфт, ки хизматрасонии онҳо пулакӣ буда, безараргардонӣ 70 дирам барои 1 метри мураббаъ ва дератизатсия 90 дирам барои 1 метри мураббаъ нарх доранд.
Ҳамаи хоҳишмандони гузаронидани ин чораҳои пешгирӣ метавонанд бо телефони 93 922 37 86 ба шуъба муроҷиат кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста