Бо супориши президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе кумаки навбатии башардӯстона фиристода шуд.
Кумаки вазнаш 24 тонна ин дафъа аз маводи тиббӣ, асосан антибиотикҳо иборат аст.
“Кумаки аз ҳукумати Ӯзбекистон ба Душанбе расида ба ихтиёри Раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии пойтахт супурда шуд”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.
Ба гуфтаи манбаъ, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои марбутаи шаҳр дастур додааст, ки истифодаи маводи тиббии дастрасшуда мувофиқи таъинот ва бепул барои муолиҷаи сироятёфтагон аз коронавирус қатъиян назорат шавад.
Зимнан зикр шуд, ки ҳамаи маводи тиббии ба сифати кумак фиристодашуда дар корхонаи муштараки Ӯзбекистону Британия Кабир - КМ ҶДММ «Samarkand England Eco-Medical» истеҳсол шудааст.
Ёдрас мекунем, ки 9 апрел Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 18 вагон бо маводи тиббӣ ва маҳсулоти ғизоӣ фиристод. Бо дастури президенти ҳамсоякишвар рӯзи 8 май гурӯҳи иборат аз 8 нафар табибони вирусшиноси Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омада, инчунин бо ҳамин ҳавопаймо 10 тонна таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ фиристода шуд.
Рӯзи 9 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 144 контейнери тиббӣ барои дармонгоҳи сайёри муваққатӣ фиристода шуд, ки дар қаламрави варзишгоҳи “Бофанда” дар шаҳри Душанбе сохта шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста