Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” ҷарроҳи маъруфи кишвар, номзади илмҳои тиббӣ, Ходими шоистаи Тоҷикистон Саид Нодирӣ изҳор дошт, ки дар ӯ коронавирус ошкор шуда, аввали даҳаи дуюми моҳи май дар беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст.
Табиб қайд кард, ки дар беморхонае, ки ӯ муолиҷа мегирифт, табибони вирусшинос хеле кам буда, асосан терапевтҳо (табибони бемориҳои дохилӣ ё дарунӣ) ва ҷарроҳон ба муолиҷаи беморон машғуланд.
“Баъзе антибиотикҳоро беморон, аз ҷумла худи ман ҳам аз ҳисоби худ мехаридем. Пас аз доруворӣ таъин кардани табибон, ки дар захираи худи беморхона ёфт намешуданд, ман аз ҳамшираҳои шафқат, ки ба кӯча мебаромаданд, дархост мекардам, ки ин доруҳоро харида оранд. Барои ин корашон аз онҳо хеле миннатдорам”, - гуфт Нодирӣ.
Ба гуфтаи ӯ, қариб ҳамаи беморони дар “Истиқлол” бистаришуда ба бемории шиддатноки асаб гирифтор буда, вазъашон хеле нороҳат аст ва бо ҳамдигар қариб гуфтугӯ намекунанд.
“Ба ақидаи ман, имрӯз дар Тоҷикистон ба равоншиносон на камтар аз вирусшиносон эҳтиёҷ мавҷуд аст”, - чунин мешуморад табиб.
Чанде пеш вазири тандурустии ҷумҳурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, ки қаблан худаш сардухтури беморхонаи “Истиқлол” буд, дар мусоҳиба ба АМИТ “Ховар” изҳор намуд, ки табобати беморони коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон пурра ройгон буда, имрӯз маводи доруворӣ ва муҳофизатӣ дар мамлакат кофист.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста