Ҷиҳати мубориза бо хуруҷи КОВИД-19 дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои тиббии ба кишварҳои дӯсту бародари Туркия равонагардида тибқи дархости Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 70.000 адад ниқоби муҳофизатӣ ва 1.000 адад либоси муҳофизатӣ бо мақсади тақсим намудан ба шахсони гурӯҳи зери хавф қарордошта, пеш аз ҳама ба кормандони тандурустӣ, бо баргузории як маросим супорида шуданд.
Дар маросим муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Саида Умарзода ва мушовири вазир Дилором Содиқова ширкат варзидандд. Саида Умарзода зимни суханрониаш бо ёдоварӣ аз лоиҳаҳои қаблан амалигардонидаи ТИКА дар Тоҷикистон, ба монанди таъсиси Маркази тавонбахшии маъюбон, таъмир ва муҷаҳҳазгардонии беморхонаи сироятии кӯдаконаи шаҳри Турсунзода ва Мактаби муосири диабети қанд, ба ТИКА ҷиҳати лоиҳаҳои дар самти тандурустӣ амалигардонидааш изҳори сипос намуд.
Муовини аввали вазир инчунин миннатдории вазири навтаъини тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозодаро ба ТИКА бинобар кӯмакҳои расонидааш баён намуда изҳор дошт, ки ниқобҳои муҳофизатӣ ва либосҳои муҳофизатии қабулкардашуда дар мубориза бар зидди эпидемия дар кишвар саҳми муҳим хоҳанд гузошт.
Дар доираи тавофуқоти бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикстон бадастомада тасмим гирифта шуд, ки як қисми ниқобҳои муҳофизатии истеҳсолгардида ба нафароне, ки ғайри корманди соҳаи тиб ҳастанду аммо дар гурӯҳи хавф қарор доранд, тақсим карда шавад.
Дар ин замина, барои ҳифзи кормандон дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳо фаъолияткунанда 10.000 адад ба Қушунҳои сарҳадии КДАМ, 10.000 адад ба беморони диабети қанд, ки хавфи таъсири эпидемия ба онҳо баланд аст, 10.000 адад ба 1.000 оилаҳои ниёзманд ва дар маҷмуъ то имрӯз 100.000 адад ниқоби муҳофизатӣ супорида шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста