Шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 28 май ба 3 ҳазору 563 нафар расид: давоми як шабонарӯз 139 (шабонарӯзи гузашта - 158 ҳолат) ҳолати нави сироятёбӣ ба қайд гирифта шуд.
Давоми шабонарӯзи гузашта ягон ҳодисаи фавти бемор аз коронавирус сабт нашуда, теъдоди умумии фавтидагон аз оғози эълони эпидемия чун пешина 47 нафар боқӣ мемонад.
Тавре Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то 27 май дар мамлакат 2322 нафар (рӯзи гузашта - 2588 нафар) зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар (рӯзи гузашта - 385 нафар) пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд. Теъдоди умумии шифоёфтагон то ба имрӯз 1 ҳазору 674 нафар (як рӯз пеш - 1 ҳазору 575 нафар)-ро ташкил медиҳад.
Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиббӣ ба муолиҷаи беморон машғуланд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста