Ба беморхонаҳои шаҳри Душанбе маводи доруворӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, воситаҳои муҳофизатӣ ба маблағи умумии 3 млн 900 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.
Аз ҷумла, 200 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), 100 дастгоҳи ларингоскоп, 160 зарф (баллон)-и кислород, 50 адад мониторҳои назди кати бемор, 500 дона пулсоксиметр (таҷҳизот барои мураттаб ва бо низом ворид кардани доруворӣ ба бемор), 50 дона перфузор (таҷҳизот барои муайян кардани фоизи таъминоти организми бемор бо оксиген) ва дигар лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ пешниҳод гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, лавозимоту таҷҳизоти тиббии дастрасшуда дар муассисаҳои табобатии Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе захира гардида, дар сурати зарурат барои табобат ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ истифода мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста