Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд гурӯҳи табибони Лаҳистон имрӯз, 24-уми июн аз Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент боздид карданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, табибони лаҳистонӣ бо пизишкони беморхонаи мазкур роҳҳои пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19-ро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба паҳлӯҳои гуногуни ин беморӣ мубодилаи афкор кардаанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 9-июн як гурӯҳ пизишкони Лаҳистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ сафар карда, бо ҷараёни табобати беморони COVID-19 шинос шуданд. Раиси вилоят Ёдгор Файзов рӯзи 13-уми июн онҳоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора дафтари матбуоти дастгоҳи раиси ВМКБ хабар додааст.
“Мо аз табибони вилоят чунин натиҷаро интизор набудем. Онҳо дониши баланд доранд, нисбат ба фаъолияти худ хеле ҷиддӣ ҳастанд. Заҳмати имрӯзаи онҳо аз худ қаҳрамониро мемонад, - иброз доштанд зимни суҳбат табибони Лаҳистон. - Барои мо боиси тааҷҷуб аст, ки дар ин минтақа фавти кӯдакону ҷавонон ба назар нарасид. Шахсоне, ки фавтиданд, касалиҳои дигар и музмин низ доштанд. Бинобар ин, фаъолияти табибони ВМКБ барои мо ҳам як таҷрибаи назаррас хоҳад буд”.
Қобили зикр аст, ки гурӯҳи сездаҳнафараи табибони Лаҳистон бо ҳамроҳии 3 коршиноси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шоми 6-уми июн ба Тоҷикистон омаданд ва то имрӯз ба манотиқи гуногуни кишвар сафар карда, бо фаъолияти якчанд беморхонаву муассисаҳои тандурустӣ шинос шуданд. Онҳо тайи як моҳ бо пизишкони тоҷик табодули таҷриба мекунанд.
Инчунин 14-уми июни соли равон гурӯҳи дуюми табибони Лаҳистон ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иборат аз 9 нафар ба Тоҷикистон омаданд.
Қаблан ҳам бо мақсади табодули таҷриба бо пизишкони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 табибони варзидаи Ӯзбекистон ва Чин ба Тоҷикистон омада буданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста