Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал” ба муассисаҳои тандурустиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 кумаки иборат аз либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, ниқобу маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва доруворӣ дастрас кардааст.
Бино ба иттилои МИМҲД-и ВМКБ, ҳарчанд ки шиддати паҳншавии бемории COVID-19 дар чанд ҳафтаи охир бамаротиб паст шудааст, аммо табибон ҳушдор медиҳанд, ки то пирӯзии комил бар коронавирус аз чораҳои худмуҳофизатӣ даст накашанд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо изҳори сипос зимни қабули кумаки навбатӣ аз ҶДММ “Хрустал” гуфтааст: “Маҳз муборизаи муштараки мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд буд, ки Тоҷикистон тавонист аз паҳншавии густурдаи ин беморӣ пешгирӣ карда, вазиятро ба эътидол орад”.
Инчунин сардори раёсати тандурустии вилоят Фарид Музаффаров қайд кардааст, ки ин ширкат ба муассисаҳои табобатии вилоят 10 ҳазор ниқоб, 179 дона либосҳои бисёркаратаи муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ (антисептик) ва доруворӣ ирсол доштааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин мавод дар анборхона захира шуда, дар ҳолати зарурӣ ба муассисаҳои табобатӣ дастрас карда мешаванд. Зеро тибқи таҳлили коршиносони соҳаи тиб, бемории COVID-19 имкон дорад, ки дуввумбора ҳам хуруҷ кунад.

Алъон дар ҷаҳон барои табобати ин беморӣ ягон намуди воксин аз тарафи табибони сироятшинос тасдиқ нашудааст ва роҳҳои пешгирии он истифодаи ниқоби муҳофизатии тиббӣ, пайваста шустани дастон ва риояи фосилаи ҷисмонӣ мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста