Бо дастури сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз 1-уми август дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати маориф ва илми ҶТ, дар ин робита ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ройгон ҷудо кардани нуқтаи алоҳида барои баргузории ярмарка ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуб гузаронидани он супориш дода шудааст.
Дӯхти либоси мактабиро корхонаҳои дӯзандагӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ мекунанд.
Инчунин бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол кардани молу маҳсулот пешниҳод шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дар миқёси ҷумҳурӣ иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин кардани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда мебошад. Гуфта мешавад, ки дар ҳолати назорати ҷиддии масъулин имкони истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста