Як нафар аз лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сохтмони иншооти ҷашнӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон шудааст.
Убайдуллои Файзулло, раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ин бора имрӯз, 20-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
“Аз ноҳияи мо аз 5 касе, ки мукофоти раиси вилоятро гирифтанд, як нафараш лӯлитабор аст. Пул ва дарвоза сохтааст, рангу бор кардааст. Ҳамчунин ба камбизоатон кумак мекунад. Ҳоло мавсими кораш дар Русия аст. Имсол ба мо ваъдаҳои сахт додааст. Ҳатто мегӯяд: “Ҳамон мактаби №6-ро шахсӣ карда, диҳед, ман худам онро месозам”. Вақте ҳамон пулу дарвозаро сохтанд, ман шахсан ба ҳамон деҳа рафтам. Аз мардум пурсидам: “Ягон нафаратон маблағ додаед?”, гуфтанд, ки не, ҳамаашро худаш сохтааст. Аз ӯ пурсидам: “Чаро ин хел кардӣ?” ҷавоб дод: “Модарам гуфт, пулро соз, сохтам”. Деҳаашон 20 сол пул надошт. Мошин то назди заҳбури деҳа мерафт. Онҳо фаромада, аз даруни заҳбур мегузаштанд, то одами бегона ба деҳа надарояд. Роҳи дигари деҳаашон пули ларзонак аз болои ҷӯйи калони 16-метра аст. Барои ҳамин иқдом кардаву сохтааст”, - гуфт Убайдуллои Файзулло.
“Саҳме, ки лӯлиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар корҳои ободонии деҳаи худ анҷом додаанд, дар баъзе деҳоти калоне, ки ҳама соҳиби мансабҳои баланданд, чунин корҳоро накардаанд”, - изҳор дошт раиси ноҳия, аммо шарҳ надод, кадом деҳоти калону мансабдоронро дар назар дорад.
Раиси ҷамоати Ҳалевард Файзиддин Кишваров дар робита гуфт: “Ин нафаре, ки раиси ноҳия зикр кард, сокини лӯлитабори деҳаи “Коммунист” Нуриддин Яронов мебошад. Ӯ дар Русия фаъолият мекунад. Дар аввали сол як пул ба маблағи 72 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ сохта, ба истифода дод. Ҳамчунин бо ҳамдеҳагонаш дарвозаи деҳаашонро ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ сохтанд. Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти семоҳа барои фаъолона иштирок карданаш дар сохтмони иншооти ҷашнӣ соҳиби мукофот ва ифтихорномаи раиси вилоят гардид. Ҳоло тасмим гирифтааст, як истгоҳи замонавӣ дар ҳудуди деҳаашон, ки наздики шоҳроҳ аст, бисозад”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста