Мувофиқи омор дар YouTube давоми як дақиқа 500 соат видео пахш мешавад, ҳамчунин дар дигар сомонаю шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар дақиқа ҳазорҳо видео пахш мешаванд.
Бисёр вақт видеоҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бурида, ё аз видеоҳои гуногун сохта пахш мекунанд, ё видеои дигарро ба мавзӯъ ё ҳодисаи дигар истифода мебаранд. Албатта барои донистани он, ки видео “фейк” аст ё ҳақиқат, шумо бояд нусхаи аслии онро пайдо кунед.
Тасмим гирифтем, чанд роҳи осони тафтиши видеоро дар интернет ба шумо пешкаш намоем ва маслиҳатҳо диҳем.
1. Албатта пеш аз ҳама видеои шубҳанокро бодиққат тамошо кунед ва кӯшиш кунед норасоию камбудиҳои онро бинеду қисматҳои сохтаашро шиносед.
2. Сарчашмаро санҷед. На ба ҳар сарчашма ё корбари интернет метавон бовар кард. Аз ин сабаб кӯшш кунед иттилоот ва видеоро аз сарчашмаҳои боэътимод дастрас кунед.
3. Ҳамеша кӯшиш кунед ҳамон видео ё видеои дигареро вобаста ба он мавзӯъ, ҳодиса ё офати табиӣ аз сарчашмаҳои дигар ёбед. Барои ин кофӣ аст сарлавҳа ва калидвожаҳои видеоро дар сомонаи ҷустории Google кобед.
4. Тафтиши макони ҳодиса ё воқеа. Агар видеои аслӣ ё видеои дигареро вобаста ба ин мавзӯъ пайдо накардед, метавонед дар бораи ин ҳодиса иттилооту хабарҳоро дар шакли матн ё сурат ҷустуҷӯ кунед.
5. Миниатура ё акси аз видео гирифташударо дар қисмати кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google (Google картинки) кобед. Бисёр вақт аз рӯйи ин аксҳо низ шумо метавонед видео аслӣ ё ба он монандро дарёбед.
6. Шумо ҳамчунин метавонед аз барномаҳои гуногун истифода баред, то дурустии видеоро санҷед, масалан Youtube DataViewer.
Ин барнома ба таври онлайн дастрас аст, кофист ин сомонаро боз кунед ва ишора (линк)-и видеои мавриди тафтишро дар саҳифаи ҷустории сомона гузоред ва ҷустуҷӯро пахш кунед. Ин барнома ба шумо санаи ва вақти аввалини нашри видео ва ҳамчунин нусхаҳои гуногуни онро пешкаш мекунад. Шумо бо дидани навори аслӣ ё санаи аслии чопи видео метавонед хулоса бароред, ки ин видео то куҷо ҳақиқат дорад.
Ҳамчунин ин барнома видеои шуморо ба чанд қисм дар шакли сурат тақсим мекунад, ки метавонед дар қисмати кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google кобед. Барои ин кофӣ аст болои сурат ё тасвир тугмаи рости мушакро пахш карда аз замимаи "ҷустуҷӯйи ин тасвир" ("найти это изображение") истифода баред. Ин танҳо дар браузери Chrome дастрас аст, дар дигар браузерҳо бояд саҳифаи кофтукови сурати сомонаи ҷустории Google ё Яндексро кушода ишораи сурат (линк) ё онро аз компютератон боргирӣ кунед.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!






“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст
Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд
Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон
ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба "Крокус" ҳукми абад гирифтанд
Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво
Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад
Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 44
Кӯдакам рӯза медорад. Ман чиро бояд донам?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста