Хуруҷи бемории коронавирус, ки зиндагии мардуми сайёраро ба куллӣ тағйир дод. Дар забони гуфтугӯи мардум истилоҳҳои нав ба нав пайдо шуданд. Дар луғати онлайнии англисӣ ва ибораҳои нодири Urban Dictionary калимаи наве пайдо шуд - ковидиот.
Имрӯз мо тасмим гирифтем ба хонандагони “Се нуқта” дар бораи истилоҳи “ковидиот” ва дар куҷо пайдо шудани он маълумоти кӯтоҳе диҳем.
КОВИДИОТ чист?
Ковидиот - калимаи англисии Covidiot буда, он аз пайвасткунии номи вируси Ковид-19 ва калимаи «идиот» (камақл) пайдо шудааст.
Пайдоиши истилоҳи ковидиот ба Италия вобастагӣ дорад. Италия дар Иттиҳоди Аврупо яке аз кишварҳое мебошад, ки коронавирусро хеле мушкил аз сар гузаронид.
Аҳолии ин ҷо беш аз ду моҳ тибқи қоидаҳои қатъии эпидемиологӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо бидуни ниёзҳои махсус аз хона берун намерафтанд ва нафаронеро, ки қоидаҳои ҷориро вайрон мекарданд, ковидиот мегуфтанд.
Раддия. Қобили зикр аст, ки калимаи “идиот” ("камақл") дигар дар тиб истифода намешавад ва таҳқиромез ба ҳисоб меравад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин истилоҳро аз феҳристи расмии бемориҳо хориҷ карда онро ба "нуқсони амиқи рӯҳӣ" иваз кард.
Ковидиот дар луғати англисӣ чунин шарҳ дода шудааст:
- 🦠шахси бепарвое, ки қоидаҳои муқаррарии бехатариро дар замони пандемия риоя намекунад;
- 🦠шахсе, ки бе назардошти ниёзҳои дигарон молро ба миқдори калон харидорӣ мекунад.
Намунаи ҷумлаҳоро бо ин калима бихонед:
Ковидиот “фейк” дар бораи табобати коронавирус бо сирпиёзро ба дигарон фиристод.
Ковидиот манбаи хабарро насанҷида онро тариқи WhatsApp ба дигарон фиристод, ки гӯё шабона бо вертолёт шаҳрро дорӯ мезананд, яъне безарар мегардонанд.
Дар шаҳр бинависед, ки боз бо ин калима чӣ ҷумлаҳоро сохтан мумкин аст?
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста