Тоҷикистон то ҳол барои ба дарёфти воксини зиди бемории коронавирус ба Русия дархост нафиристодааст. Дар ин бора ба "Азия-Плюс" аз маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки 13-сентябр Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфта буд, ки як рӯз баъд барои дарёфти ин воксин ба ҷониби Русия дархост медиҳанд.
Дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ мегӯяд, воксини Русия то ба ҳол ҳамаи марҳилаҳои озмоишҳои клиникиро нагузаштааст. Тоҷикистон танҳо баъди гузаштани ин марҳилаҳо бо ҷониби Русия барои дарёфти ин воксин вориди гуфтугӯ мешавад.
“Тавре шумо медонед, ваксинаи Русия аз тамоми марҳилаҳои озмоишҳои клиникӣ нагузаштааст. Вақте ки ҳамаи марҳилаҳоро мегузаранд ва самаранокии ваксина исбот мешавад, мо гуфтушунидҳо оид ба харидориро оғоз мекунем. Дар ҳоли ҳозир, ин масъала баррасӣ намешавад”, - гуфт масъули дафтари матбуоти вазорат.
13 август яке аз масъулони Хадамоти санитарию эпидемологӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки тасмим доранд барои дарёфти ин воксин дархост диҳанд.
«Мо умедворем, ки бо кӯмаки ҳукумат ва шарикони рушд ваксинае, ки Русия бар зидди коронавирус таҳия кардааст ба даст орем. Барои ин, зарур аст, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон як гурӯҳи корӣ таъсис дода, гурӯҳи одамони осебпазирро муайян кунад, ки пеш аз ҳама ба эмгузаронӣ ниёз дошта бошанд», - гуфта буд манбаъ.
Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ низ хабар дода буд, ки қарор аст, пеш аз ҳама, нафароне, ки беморони диабети қанд, диққи нафас, табибон ва марзбонон, ки дар посгоҳҳо навбатдорӣ мекунанд, бо воксини Русия алайҳи коронавирус воксингузаронӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста