“Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии Fly Union-ро ҷиҳати иҷрои парвозҳо ба чанде аз шаҳрҳои Русия таъин намуд”, - хабар медиҳад Иттиҳоди коршиносони авиатсионии Aviation Explorer бо истинод ба Росавиатсия.
Гуфта мешавад, ин ширкати ҳавопаймоӣ анҷоми парвозҳоро оид ба бору мусофиркашонӣ ва бағочу почта ба баъзе шаҳрҳои Русия ба нақша гирифтааст.
“Ҷониби Тоҷикистон дар бораи таъини корхонаи авиатсионии ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Fly Union” ҷиҳати анҷоми парвозҳо барои бору мусофиркашонӣ ва бағочу почта бо хатсайрҳои Қӯрғонтеппа – Москва – Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Санкт-Петербург – Қӯрғонтеппа, Қӯрғонтеппа – Екатеринбург – Қӯрғонтеппа хабар дод”, - таъкид месозанд дар Росавиатсия.
Лекин мақомоти авиатсионии Тоҷикистон мегӯянд, чунин ширкати ҳавопаймоиро ба қайд нагирифтаанд, зеро он барои дарёфти иҷозатнома муроҷиат накардааст.
Дар ҳамин ҳол, ширкати ҳавопаймоии Fly Union аллакай сомонаи худро таъсис дода, лекин дар он ба ҷуз Coming soon (Ба наздикӣ мешавад), дигар ҳеҷ маълумоте нест.
Дар портали Planespotters-и Олмон, ки дар бораи ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон маълумот медиҳад, зикр мегардад, ки ширкати тоҷикистонии Fly Union ҳамагӣ 1 ҳавопаймои Boeing 737-ро дар ихтиёр дорад.
Бино ба маълумоти Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон, айни замон дар ҷумҳурӣ ду ширкати ҳавопаймоӣ - ширкати миллии “Тоҷик Эйр” ва ширкати ҳавопаймоии хусусии “Сомон Эйр” амал мекунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста