Маркази санитарӣ-эпидемиологии шаҳри Хуҷанд 15 ронандаро барои риоя накардани меъёрҳои пешгирӣ аз бемории COVID-19 ҷарима кард.
Тавре ба “Азия-Плюс” директори Маркази санитарию-эпидемиологи шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова хабар дод, аксари ҷаримашудагон ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ буда, ҳар яке ба маблағи 116 ва дар умум 1740 сомонӣ ҷарима шудаанд.

“Ронандагонро барои он ҷарима бастанд, ки онҳо ниқоби муҳофизатӣ надоштанд дар нақлиёт аз меъёр зиёд мусофир гирифтанд ва ё дар дохили нақлиёт мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоштанд, - мегӯяд директори Марказ. - Ҳамаи ӯҳдадорӣ ба зиммаи ронанда буда дар сурате, ки мусофиронашон ниқоби муҳофизатӣ надоранд, на мусофир, балки худи ронанда ҷарима мешавад”.
Қаблан дар моҳи сентябр идораи беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба беш аз 100 нафар, ки меъёрҳои пешгирӣ аз бемории ҳамагири коронавирусро риоя накарданд, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода онҳоро зиёда аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима карда буд.
Аз ҷумла, масъулини 6 тӯйхонаву тарабхонаҳо дар Хуҷанд ҳар кадоме ба андозаи 1160 сомонӣ ҷарима шуданд, ки аз меъёр зиёд одамонро ба маъракаҳо роҳ додаанд ва ё қоидаҳои беҳдоштиро риоя накардаанд.
Онҳо асосан барр асоси моддаи 113 (Риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) -и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста