Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт рӯзи 18 октябр Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад.
Ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад.
Деҳқонони мамлакат маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ ва сабзавоту меваро бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш мекунанд.
Инчунин кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд. Ҳамчунин баргузори барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.
Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи эҳё кардани иди деҳқонон - “Меҳргон”, ки аз анҷоми ҷамъоварии ҳосил гувоҳӣ медиҳад, қарор қабул кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста