Парлумони Тоҷикистон бо пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» мехоҳад кори фосилавиро қонунӣ кунад. Ин мавзъуъ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19-уми октябр баррасӣ шудааст.
Вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардаанд, ки ба моддаи 1 қонуни амалкунанда сархати нав, яъне сархати нуҳум бо мазмуни зерин- «кори фосилавӣ (дистансионӣ)» илова карда шавад, ки он танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор мебошад.
Тибқи ин тарҳи пешниҳодӣ “дар қисми 2 лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мукаммал гардонидани моддаи 4 қонуни амалкунанда сархати нав илова карда мешавад, ки тибқи он минбаъд кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғул ба гурӯҳи аҳолии шуғлнок ё ба он баробар кардашуда мансуб мебошанд, ки хусусиятҳои танзими меҳнатии ин гурӯҳи кормандонро Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд”.
Дар Тоҷикистон баъди ҳамагирии коронавируси COVID-19 мавзӯии кори фосилавӣ бисёр доғ шуд. Бархе аз созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон аз оғози ин ҳамагирӣ ба кори фосилавӣ гузаштаанд ва аксари нишасту ҷаласаҳои худро ҳам фосилавӣ доир мекунанд.
Дар сатҳи расмии давлатӣ бори аввал аст, ки ниҳоди қонунгузории Тоҷикистон талош дорад ин шеваи корро вориди қонун кунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста