Мувофиқи омори ғайрирасмӣ бештари ҷавонон тоҷике, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ гаравидаанд, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия будаанд.
Расонаҳои Русия низ тез-тез аз ҷалб шудан ё даст доштани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ хабар медиҳанд. Масалан, чанде пеш расонаҳои Тоҷикистон бо такя ба хабаргузориҳои Русия хабар доданд, ки мақомоти интизомии Русия як гурӯҳ донишҷӯёни тоҷикро барои майл доштан ба ҳаракатҳои террористӣ аз Красноярск ихроҷ кардаанд.
Гуфта мешуд, ки ин гуруҳ ҷамъоамдҳои динӣ гузаронида, тарафдорони ҳаракати террористии дар Русия мамнӯъи «Ҷамоати Ансоруллоҳ» - ро (дар Тоҷикистон ҳам ин ҳаракат мамнӯъ аст) сарҷамъ менамудааст. Мувофиқи хабарҳо кормандони мақомоти қудратии Русия ҳамаи воситаҳои алоқаи донишҷӯёнро гирифта, худашонро ба Тоҷикистон ихроҷ кардаанд. Тақдири минбаъдаи онҳо алҳол номаълум боқӣ мемонад, аммо ин як далели гаравидани муҳоҷирони тоҷик ба гурӯҳ ва ташкилотҳои террористӣ мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол пеш эътироф карда буд, ки муҳоҷират яке аз омилҳои асосии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ аст. Муовини онвақтаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ду сол пеш дар хониши парлумоние гуфта буд:
“Раванди муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони тоҷик дар баробари доштани паҳлӯҳои мусбат боиси он мегардад, ки муҳоҷирон дар муҳити бегона зери таъсири гурӯҳу шабакаҳои ифротӣ қарор гирифта, ба созмонҳои террористӣ ҷалб шаванд”.
Мо аз муҳоҷирону коршиносон пурсидем, чаро муҳоҷирон қишри осеббпазиранд ва бештар ба гуруҳҳои террористию экстремистӣ мепайванданд.
Вақте ҷавон ба “озодӣ” мебарояд…
Чанде пеш Албир Крганов муфтии шаҳри Маскав гуфт, коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар Русия ба ҳоли худ раҳо шудаанд ва ба ҳамин хотир таҳти таъсири афкори мухарриби мубаллиғони гурӯҳи терористии ДИИШ қарор мегиранд.
Вале ин иддаоро сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов рад намуд ва гуфт: “Бисёре аз коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ, бавижа ҷавонон, барои таъмини зиндагии худ ва хонаводаҳояшон ба Русия мераванд ва ҳеҷ иртиботе бо гурӯҳҳои ифротӣ надоранд”.
Тибқи омори ғайрирасмӣ, дар Русия беш аз 1 миллион муҳоҷирони тоҷикистонӣ машғули коранд ва даромади сеяки хонаводаҳои кишвар аз ҳисоби муҳоҷират ба даст меояд.
Ризвон Ҷумаеви 25 сола муҳоҷире аст, ки се сол дар Русия кор кард ва баъди ихроҷ шудан аз ин кишвар ҳоло дар Қазоқистон кор мекунад. Ба гуфтаи ӯ сабаби аслии ба гурӯҳҳои ифротӣ майл кардани ҷавонон пеш аз ҳама паст будани сатҳи иқтисодӣ, ҳассосияти ҷавонон дар масоили динӣ, ба таври бояд огоҳӣ надоштан аз динҳои дигар ва мустақил набудани онҳо аст.
«Ҷавонони мо то замони 30-40 солагӣ пойбанди хонаводаҳояшонанд. Ҳатто пас аз он, ки оиладор мешаванд, наметавонанд ё онҳоро намегузоранд, ки мустақил бошанд. Ҳамин мустақил набудани онҳо сабаб мегардад, ки пас аз ҳиҷрат аз ватан ба қавле ба “озодӣ” мебароянд, мехоҳанд дилхоҳ корро таҷриба кунанд”, - мегӯяд Ризвон.
Барои пешгирии ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар муҳоҷирати меҳнати Ризвон пешниҳод менамояд, ки мақомот, бахусус сафорату консулгариҳо ҳамкориро бо муҳоҷирон зич ба роҳ монанд. Мутаассифона ба гуфтаи ӯ дар ин самт камбудиҳо зиёд аст.
“Ҳамчунин, созмон ё ҷамъиятҳои расмие лозим аст, ки дар дохили муҳоҷирон кор баранд. Аз дарди онҳо огоҳ бошад. Бо ҷойи кор таъмин намоянд. Дур мондани муҳоҷирон аз таваҷҷуҳ сабаби аслии гаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ мебошад. Онҳо таваҷҷуҳро аз ҳар ҷонибе, ки бинанд, ҳамон тараф майл мекунанд”,- қайд кард Ҷумаев.
«Баъзан гуноҳро ба сари муҳоҷир бор мекунанд”
Ба андешаи коршинос Абдулло Давлатов, ки чанд сол роҳбари яке аз созмонҳои дифоъ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия буд, маҳз вазъи душвори ҳуқуқии муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷикистонӣ (ё ӯзбакистонӣ, ё қирғиз ва дигарҳо) онҳоро гирифтори мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ мегардонаду дар баъзеҳо боиси шикасти равонаниашон мешавад. Ва маҳз аз байни чунин ашхос ҷавононе гирифтори мубаллиғони ифротӣ мешаванд.
Ӯ мегӯяд баъзан муҳоҷирон ба доми беасоси кормандони ҳифзи ҳуқуқ низ меафтанд.
“Бадбахтии нигаронкунанда он аст, ки баъзе кормандони бевиҷдони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ба хотири манфиатҳои шахсӣ, бо тӯҳмату тарсонидан ҷинояти нокардаашонро ба сари ҷавонони камтаҷрибаи донишҷӯ ва ё муҳоҷирони корӣ бор мекунанд. Аслан муҳоҷират сабаби афзоиши сафи ифротиён нест, аммо ҷинояткорон аз фурсат истифода мебаранд”, - таъкид кард Давлатов.
Ба гуфтаи ӯ танҳо диққати ҷиддӣ додан ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон ва кӯмак ба донишҷӯён метавонад роҳи ҳал бошанд.
Дини “интернетӣ” ва иттилои расмӣ
Таҳлилгарон сабаби дигари ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро ба гурӯҳҳои ифротӣ дар муҳоҷират ба огоҳии ками онҳо аз масъалаҳои динӣ рабт медиҳанд. Ба андешаи онҳо бештари муҳоҷирон тариқи интернет ва шабкаҳои иҷтимоӣ ба суолҳои динии худ посух меҷӯянд ва дар натиҷа тасаввуроти нодуруст пайдо мекунанд.
Сухангӯи Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими кишвар Афшини Муқим низ мегӯяд сабаби асосӣ надоштани маълумоти заминавии динии муҳоҷирон аст.
“Касе кафолат дода наметавонад, ки то куҷо он маълумоту таълиме, ки муҳоҷирон аз интернету доираҳои гуногун мегиранд, маълумоти саҳеҳ аст. Чун худи муҳоҷирон ташхис карда наметавонанд. Аз ин рӯ, ин раванди танзимнашуда ё танзимнашаванда метавонад бархе аз муҳоҷиронро то доираи гурӯҳҳои иртиҷоӣ бурда расонад”, - гуфт сухангӯ.
Ба гуфтаи ӯ албатта ба паҳлуҳои дигари мавзуъ, аз ҷумла фақр, бекории муваққатӣ ва эҳсоси ноумедии муҳоҷиронро низ бояд эътибор дод.
“Зеро аз ин фурсатҳо мубаллиғони гурӯҳҳои ифротӣ аз дин моҳирона сӯистифода мекунанд. Аз сабаб муҳоҷирон дар масоили динӣ бояд ба иттилои расмӣ такя кунанд. Масалан, ба суолҳои шаръие, ки дар ҳаёти рӯзмарра пайдо мешавад, метавонанд аз тариқи сомонаи Шӯрои уламо посух гиранд”, - таъкид дошт Афшин Муқим.
Охири соли 2017 Раиси Шурои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо 500 муҳоҷири тоҷик дар Санкт-Петербург мулоқот карда буд. Раиси Шӯрои уламо доир ба мушкилоту хатарҳои мавҷуда, нуфузи гурӯҳҳои ифротиву ҷиноятпеша, сӯистифода гардидани дини мубини ислом аз ҷониби бархе аз гурӯҳҳои ба ном "исломӣ" ибрози андеша намуда, ҳозиринро ба бедории сиёсӣ ва канорагирӣ аз фаъолиятҳои ҷинояткоронаи гурӯҳҳои зикршуда даъват намуда буд.
Назорати сахти Тоҷикистон ва беаҳамиятии Русия
Ба андешаи таҳлилгари тоҷик Абдумалик Қодиров сабаби бештар аз Русия ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани муҳоҷирони тоҷик пеш аз ҳама сахт будани назорати Тоҷикистон болои ҳама гуна рафтору гуфтори ифротмаоб, ба хусус бо истифода аз технологияҳои нави коммуникатсионӣ аст.
“Русия то чанд соли охир ба ин падида аҳамияти камтар медод ва намояндагони гурӯҳҳои ифротӣ, бахусус аз байни намояндагони халқҳои қафқоз, дар масҷидҳои Русия озодона ҷовонони мусалмонро ба сафи ҳаракатҳои ифротӣ ҷалб мекарданд. Як ҷавони бекори муҳоҷир, ки саводи кофии динӣ надорад, зуду осон ба доми ин мубаллиғон меафтад”, - мегӯяд Қодиров.
Мавсуф беҳуқуқии муҳоҷирони тоҷикро низ аз омилҳои дигари шомил гаридани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар Русия медонад.
“Беҳуқуқӣ сабаб мешавад, ки муҳоҷирон дар бисёр ҳолатҳо ба хотири раҳо ёфтан аз таъқиби милиса ва миллатгароёни рус маҷбур мешаванд зери қаноти ин ё он гурӯҳҳо дароянд, ки аксарият характери динӣ доранд”, - таъкид кард коршинос.
Ӯ низ мустақил набудани ҷавонони тоҷикро аз омилҳои дигари “луқмаи хом” гардидани гурӯҳҳои ифротӣ донист. Ба гуфтаи ӯ натиҷаи тобеияти бечунучаро ин аст, ки фарзандон мустақилона муайян кардани неку бадро наметавонанд ва ҳамеша интизори “роҳбалад” ҳастанд.
Абдумалик Қодиров мустақилияти ҷавонон, омӯзиши асосҳои дини ислом, иртиботи ҳамешагии ҷавонон бо волидайн ва зери ҳимояи давлат қарор доштани муҳоҷиронро аз роҳҳои пешигирии шомилшавии муҳоҷирони корӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ номид.
“Мо набояд аз калимаи “ислом” тарсем, чунки дини ислом дини сулҳ аст ва ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ниҳодҳои дифо аз муҳоҷирон, бояд ба ҳар як мушкили тоҷикон расидагӣ кунанд. Дигарон бояд бубинанд, ки тоҷикон “соҳиб” доранд. Он гоҳ фишор болои муҳоҷирони меҳнатӣ ва умуман тоҷикон дар ин кишвар камтар мешаваду мардуми мо маҷбур намешаванд аз дигарон ҳимоят ҷӯянд”, - хулоса кард коршинос Абдумалик Қодиров.
Шомилшавии муҳоҷирон коҳиш меёбад
Ба андешаи сиёсатшинос Шералӣ Ризоён омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ гуногунанд.
“Дар ҳолати бади равонӣ қарор доштан ва суистифодаи ин ҳолат аз ҷониби таблиғгарон (вербовшикҳо)-и гурӯҳҳои ифротӣ, аз даст додани ҷойи кор, зери таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ мондан ва довталабона сафар шудан ба минтақаҳои ҷангзада бо мақсади пул кор кардан омилҳои асосии шомил шудани муҳоҷирон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мебошанд”, - мегӯяд коршинос.
Ӯ таъкид мекунад, ки баъзан ҷавонон дар ватан ифротӣ шуда, ҳудуди Русияро ҳамчун масири ҳаракат ба минтақаҳои ҷангзада истифода мекунанд.
Ба андешаи ӯ тамоюли шомилшавии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Русия қарор доштанд, бештар дар солҳои 2013-2016 ба назар мерасид ва ба замоне рост меомад, ки таблиғоти ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои ифротӣ ба авҷи аълои худ расида буд.
Ӯ мегӯяд аз соли 2017 коҳиши шомилшавии шаҳрвандон, ба хусус муҳоҷирони меҳнатиро ба сафи гурӯҳҳои ифротӣ мушоҳида намудан мумкин аст, ки сабабҳои дохилию хориҷӣ дорад.
“Ба сабаби дохилии он метавон амалишавии “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” - ро номбар кард, ки дар асоси бандҳои дахлдори он корҳои маърифатӣ дар тамоми қаламрави кишвар гузаронида шуд. Мардум дарк карданд, ки ифротишавӣ ба худи онҳо, ба хусус ба оила ва пайвандон таъсири мустақими манфӣ мерасонад. Сабаби хориҷии онро саркуб шудани ДИИШ дар Ироқу Сурия аст, ки таъсири мустақими онро ба муҳити фикрии минтақаҳои сукунатдоштаи мусалмонон коҳиш дод”, - гуфт сиёсатшинос Шералӣ Ризоён.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” омода шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Дӯстӣ дӯстиву тиҷорат дар ҷойи худаш. Ӯзбекистон расмиёти гумрукиро барои Тоҷикистон қимат кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 декабри соли 2024
Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом
Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд
Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?
“10 соат мегӯянду 5 соат барқ медиҳанд!” Шикояти сокинон аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ дар манотиқи кишвар
Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзади худро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард
Сирки давлатӣ дар Соли нав барои кӯдакон чӣ барномаҳо пешниҳод мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста