Аз 28-уми декабри соли равон то 12-уми январи соли оянда бахшида ба Соли нав Сирки давлатии Тоҷикистон ба кӯдакону наврасон барномаи “Афсонаи солинавӣ” ва намоишномаи “Хоби мафтункунанда”-ро намоиш медиҳад.
Дар ин бора аз Сирки давлатӣ ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода гуфтанд, ки намоишҳо ба ҷуз 30-юм ва 31-уми декабр ҳамарӯза соати 14:00 ба саҳна гузошта мешаванд.
Ҳамчунин Бобои барфӣ ва барфак, ширинкорон, ромкунандаи ҳайвонот ва гимнастҳои ҳавоӣ дар саҳна ҳунарнамоӣ мекунанд. Намоишҳо 1 соату 40 дақиқа давом мекунанд.
Масъулин гуфтанд, нархи билет вобаста ба ҷой ва қатор мутаносибан 20, 25 ва 30 сомонӣ арзиш дошта, онро метавон аз хазинаи “Сирки давлатӣ” дастрас кард. Арзиши билет танҳо ғайринақдӣ қабул карда мешавад.
Бояд гуфт, дар остонаи Соли нав аксари муассисаҳои фарҳангӣ намоишҳои солинавӣ пешниҳод мекунанд. Аз ҷумла, Сирки давлатӣ ҳамасола дар арафаи соли нав намоиши махсуси солинавӣ барои кӯдакон таҳия мекунад.
Соле пеш дар Сирки давлатии пойтахт барои тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоати пойтахт барномаи рангини “Моҳии тиллоӣ” намоиш дода буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста