Теъдоде аз сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон шикоят доранд, ки реҷаи интиқоли барқ ба хонаҳояшон риоя намешавад. Дар ҳоле, ки моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар, бо имзои як қарор  Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар ниҳодҳои таъминкунандаи барқро муваззаф кард, то “реҷаи таъминоти барқ барои аҳолӣ”-ро ба тартиб дароранд.

Баъди ин дастур Вазорати энергетика ва захираҳои об иттилоъ дод, ки “Шабакаҳои тақсимоти барқ” реҷаи интиқоли барқро муайян кардааст. Тибқи он, ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 соат барқ дода мешавад: субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 16:00 то 23:00.

Аммо теъдоде аз сокинони манотиқи кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ шикоят мекунанд, ки то ҳанӯз реҷаи интиқоли ё “лимит”-и барқ, дар шаҳру ноҳияҳо пурра риоя намешавад.

 

“Дурӯғи маҳз”

Як корбари шабакаи иҷтимоии фейсбук аз шаҳри Панҷакент бо номи Абдукарим Шералӣ иддаои риоя шудани реҷаи интиқоли барқро “дурӯғи маҳз” номида, навиштааст, ки “субҳ аз соати 5 то 7:30, шом соати 16:15 мегиронанду соати 17:15 хомӯш мекунанд, боз соати 20:30 гирон мекунанду соати 23:00 хомӯш мекунанд”.

Намогирифт аз "Фейсбук"

Корбари "Инстаграм" аз ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент ҳам зикр кардааст, “як шабонарӯз 2 ё 3 соат бо барқ таъмин мешавем, баъзе вақтҳо умуман барқро намедиҳанд”.

Нафари дигар навиштааст, “мо дар деҳа зиндагӣ мекунем, рӯзона 5 – и саҳар барқро медиҳанд ва 7:30 хомӯш мекунанд. Бегоҳ 17:00 барқ меояд, боз дар байн чанд маротиба хомӯш мешавад ва боз соати 22:00 хомӯш мекунанд”.

Корбари дигар бо номи "uzayrsharipov" бо танз навиштааст, ки “10 соат мегӯянду нисфашро медиҳанд ва боз дар газетаву телевизион реклама мекунанд, ки барқро сарфакорона истифода баред, он чизе, ки нест”.

Сокини дигар аз “бизнес”-и баъзе масъулин навишта, гуфтааст, “вақте ягон тую маърака дорӣ, бизнесашон аз 500 сомонӣ дар соат сар мешавад”.

Корбари дигар аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят карда навиштааст, ки дар “ноҳияи Хуросон саҳар аз соати 5 то 7:30 ва бегоҳ аз соати 17 то 22-и шаб” барқро медиҳанду халос.

Намогирифт аз "Инстаграм"

Баъзе аз корбарон ҳатто таъкид кардаанд, ки “ин фармон фақат дар рӯйи қоғаз мемонад, ҳеҷ неки амалӣ шавад, рӯзҳое ҳам мешаванд, ки тамоман барқро намедиҳанд”.

Як корбар дар телеграм-канали “Азия-Плюс” шарҳ навиштааст, ки дар шаҳри Кӯлоб низ ин мушкилӣ мавҷуд аст.

Ӯ таъкид кардааст, ки “сахар 2 соат барқ ҳаст ва 2 соат бегоҳ ба хамин томом медонанд ки мардум ба ин аҳвол одат кардагияд”.

Сокини шаҳри Исфара навиштааст, ки “бо сабаби баланд шудани нархи газ мардум барои омода намудани хӯрок ҳезум ва барқро истифода мебаранд”.

“Агар бо истифодаи барқ хӯрок тайёр кунанд баъди тайёр шудани хӯрок, яъне соати 19:00 барқ хомӯш мешавад ва мардум бо равшании “шамъу панор” хӯрокро тановул мекунанд”, - таъкид кардааст ӯ.

Қаблан сокинони гуногуни музофоти кишвар, ба мисли шаҳру навоҳии Панҷакент, Айнӣ, Нуробод, Панҷ ва Фархор ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар як шабонарӯз аз 5 то 8 соат барқ доранду халос.

Танҳо сокинони ҷамоатҳои Ёва, Унҷӣ, Ғозиён ва Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ба шаҳри Хуҷанд наздик ҳастанд, тасдиқ карданд, ки дар як шабонарӯз 10 соат нерӯи барқ доранд.

 

“Дар асри 21 барқ надорем”

Баъзе аз сокинон дар пайи риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ аз мушкилоте, ки дар фасли зимистон рӯбарӯ ҳастанд, шикоят кардаанд.

намогирифт аз "Фейсбук"

“Ҳаво сард аст ҳоло он, ки шабона дар биноҳои баландошёна барқро хомӯш мекунанд, якбор худатонро ба ҷойи мардуми ҳамин биноҳо монед масъулини “Барқи тоҷик”!”, - навиштааст Шодонҷон Султонов.

Як сокини шаҳри Истаравшан дар Инстаграм нигаронӣ кардааст, ки “нархи ангишт ҳам боло рафтааст, дар баъзе хонаҳо ҳезум ҳам нест барои алоб карда хонаро гарм кардан. Мо ҷавонҳо як илоҷ карда шабро рӯз мекунем, аммо пиронсолон ва беморон хело азоб кашида истодаанд”.

 

Суолҳои посухталаб

Дар пасманзари маҳдудияти расмии интиқоли барқ ва пурра риоя нашудани реҷаи муайяншуда дар баъзе манотиқи кишвар, сокинон ҳамчунин суолҳои зиёд медиҳанд, ки посухталабанд, аммо касе ба онҳо ҷавоб намедиҳад.

Акси марбут
акс аз EPA

Аз ҷумла, як нафар корбари Инстаграм пурсидааст, ки “бо вуҷуди обу нерӯгоҳҳои азим чаро то ҳол ниҳодҳои масъул аҳолиро бо барқи доимӣ таъмин карда наметавонанд?”.

“10 сол пеш ҳам дар деҳаҳо барқ набуд ва то ҳол ин мушкилӣ мавҷуд аст. Чӣ тағйир ёфтааст, вақте ки одамон ба кайҳон парвоз карда истодаанд?”,-савол гузоштааст як корбари саҳифаи “Азия-Плюс” дар Инстаграм.

Як корбари дигар навиштааст, “ҷои нигаронӣ аст, ки аҳолии мо дар асри 21 аз набудани барқу алоқа танқисӣ мекашад”.

 

“10 – соат мегӯянду 5 – соат барқ медиҳанд”

Бархе аз сокинон дар зери маводҳои “Азия-Плюс” шарҳ навишта, аз риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят мекунанд. Бо назардошти ин, “Азия-Плюс” дар телеграм-канали худ миёни корбарон бо саволи “Оё реҷаи таъминот бо барқ дар минтақаи шумо риоя мешавад?” назарпурсӣ гузаронид.

Ин назарпурсиро беш аз 5 ҳазор нафар диданд ва зиёда аз 700 нафар овоз доданд. Қариб 50 дарсади корбарон ба варианти “Не” овоз доданд, 11 дарсад ба вариати “10 соат не, вале дар як рӯз 7-8 соат барқ дорем” ва 4 дарсад ба варианти “Дар як рӯз 5 соат барқ медиҳанд” овоз додаанд.

Шикояти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва натиҷаи назарпурсии “Азия-Плюс” гувоҳи он аст, ки дар музофоти Тоҷикистон реҷаи муайянкардаи таъминоти барқ риоя намешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.

Сарфи назар аз камбуди барқ дар дохили кишвар, Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад. Ба иттилои Оҷонсии омори кишвар, дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 102,4 млн доллар нерӯи барқ интиқол ёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.