Раиси шаҳри Исфара ба сармеъмор ва мудири шӯъбаи шаҳрсозии шаҳр дастур додааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ аввал роҳрав барои шахсони имконияташон маҳдудро дар назар бигиранд. Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст, ки даромадгоҳи биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасониҳо бояд ба ҳаракати озоди аробачаҳои маъюбӣ мутобиқ кунонида шавад.
Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси нави Исфара зимни боздиду шиносоӣ аз иншоотҳои кӯчаи асосии шаҳр ба сармеъмору мудири шӯъбаи шаҳрсозӣ дастур додааст зимни таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ роҳравҳои махсус (пандус)-ро ҳатман ба инобат гиранд. Ӯ шахсони масъулро вазифадор кардааст, ки зимни омодасозии лоиҳаҳои иншоотҳои маъмурию хизматрасонӣ сохтмони роҳравҳои махсус барои ҳаракати озодонаи аробачаи маъюбиро ба эътибор гиранд.
“Дар даромадгоҳҳои биноҳои маъмурӣ ва марказҳои савдою хизматрасонӣ барои ҳаракати озодонаи аробачаҳои маъюбӣ роҳравҳои махсус бояд сохт.”-таъкид кардаааст раиси Исфара
Бино ба навиштаи Хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дастур додааст ба лоиҳаи биноҳои нав сохташудаистода низ тағйирот ворид намуда, дар даромадгоҳҳои иншоотҳо барои ҳаракати бемамониати маъюбон ба биноҳо пандус сохта, шароити созгор фароҳам оваранд.
Манбаъ навиштааст айни замон дар даромадгоҳи Маркази адлия ва ҳамагӣ 1-2 бинои навбунёд ингуна роҳравҳо мавҷуданду халос.
Айни замон бино ба маълумоти оморӣ дар шаҳри Исфара беш аз 3800 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дар қайд буда 381 нафари онҳо маъюбони гуруҳи якум мебошанд. Гуфта мешавад ҳамасола наздики 50 нафар шахсони маълул тариқи маблағгузорӣ аз буҷҷа, маблағҳои соҳибкорону хайрхоҳон соҳиби аробачаи маъюбӣ мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста