Кит Симмонс, ки 28-уми сентябр ба унвони иҷрокунандаи вазифаи нахустин Мудири намояндагии USAID – Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъин шуда буд, ба Тоҷикистон омад ва ба фаъолияташ оғоз кард.
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки омадани ҷаноби Симмонс ба Тоҷикистон мусодиф ба оғози чанд лоиҳаҳои 100 миллиондоллари нави USAID дар бахшҳои кишоварзӣ, заминдорӣ, таъмини об, маориф, тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон аст.
USAID ҳоло дар Тоҷикистон фаъолияти минтақавӣ ва дутарафаи рушдро дар соҳаҳои кишоварзӣ, савдо, энергетика, идораи об, ғизо, тандурустӣ, маориф, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мудирият амалӣ мекунад. Буҷаи умумии барномаҳои он, тақрибан 40 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар шарҳи коркардҳои Симмонс гуфтааст, ки ӯ дар соҳаи рушди байналмиллӣ бо USAID, Департаменти давлатии ИМА ва Корпуси Сулҳи ИМА таҷрибаи беш аз 40-солаи кор дорад. Ӯ дар кишварҳои аврупоӣ, Авросиё, Африқо ва Осиё кор кардааст. Ахиран, ӯ қабл аз омадан ба Тоҷикистон, дар мақоми мудири намояндагии USAID дар Ҳиндустон кор мекард.
Амрико имсол намояндагии ҷудогонаи дуҷонибаи USAID-ро дар Тоҷикистон боз кард, ки ба назари Сафорати ин кишвар дар Душанбе “аз таҳкими шарикии Иёлоти Муттаҳида бо мардуми тоҷик ва дастгирии рушд дар саросари кишвар шаҳодат медиҳад”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста