Сафорати ИМА дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) бо ифтихор аз оғози лоиҳаи нав бобати барқарорсозӣ ва азнавсозии посгоҳи сарҳадии Чалдовар дар ноҳияи Шахритус, дар хатти сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон хабар медиҳад.
Ин лоиҳа тавассути Бюрои департаменти давлатии ИМА оиди мубориза бар зидди маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ маблағгузорӣ карда мешавад, ки барқарорсозии иншооти постгоҳи сарҳадиро дар Чалдовари вилояти Хатлон дар назар дорад. Арзиши лоиҳа 995 ҳазор доллар буда, сохтмони он 12 моҳ идома меёбад.
Сафорати ИМА ин лоиҳаи посгоҳи сарҳадии Чалдоварро бо Қӯшунҳои сарҳадии назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамоҳанг кардааст. Баъди анҷоми лоиҳа, посгоҳи Чалдовар метавонад 40 марзбонро ҷойгир кунад, аз ҷумла ҷой барои таҷҳизоти техникӣ ва ҷой барои гузаронидани омӯзишҳои касбӣ дар як иншооти муосири муҷаҳҳаз муҳайё мекунад, ки амнияти сарҳадӣ ва мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистонро тақвият хоҳад дод.
Аз соли 2002 ҳукумати ИМА таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии даҳ постгоҳи марзбонӣ ва се иншооти омӯзиширо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ кардааст. Сафир Ҷон Марк Поммершейм ҳангоми эълони оғозшавии лоиҳаи Чалдовар чунин қайд намуд:
«Дастгирии доимии мо ба марзбонони Тоҷикистон амният, субот ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро тақвият мебахшад. Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ нақши муҳимро мебозад ва Иёлоти Муттаҳида дар мубориза бо таҳдидҳои терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ шарики устувори Тоҷикистон боқӣ мемонад.”
Сафорати ИМА қаблан бо UNODC оиди мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон тавассути лоиҳаҳои барқароркунии дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, сохтмони идораи робитаҳои сарҳадӣ дар ноҳияи Ишкошим, гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва як қатор лоиҳаҳои дигар ҳамкорӣ кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста