Ҳаҷвнигори боистеъдод ва хушноми кишвар Муқимҷон Абдуфаттоев имрӯз 46-сола шуд. Ӯ 18.12.1974 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, беш аз 20 сол аст, ки дар яке аз самбулҳои саҳнаҳои ҳаҷву танзи тоҷик аст.
Тавре ӯ, дирӯз дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳавҷнигорӣ бисёр кори душвор аст ва ин соҳа авҷу мавҷҳои зиёде дорад. Барои ин ки дар соҳа муваффақ шавӣ иродаи мустаҳкам лозим аст.
Муқимҷон фаъолитяи худро ҳанӯз аз замони мактабхониаш оғоз намудааст. Ӯ соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд, бо пуштибонии ҳукумати вилояти Суғд театрстудияи ҳаҷвии “Хандинкамон”-ро таъсис дода, роҳабарии онро то имрӯз бар ӯҳда дорад. Дар муддати кӯтоҳ ин театрстудия бо саҳнаҳои ҷолибаш байни мардум маъруф шуд. Ҳамзамон театрстудияи “Ханинкамон” филмҳои ҳавҷии “Таксӣ”, Оҳ, муҳаббат”, “Наврӯз дар Наврӯз” таҳия кардааст, ки то ҳанӯз тамошобини зиёде доранд. Коргардон ва муаллифи сенарияҳои филм худ ӯ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Муқимҷон Абдуфаттоев дар намоишномаи “Абдуи Хуҷандӣ” нақши асосиро иҷро карда буд. Як муддат ҳамчун роҳбар дар театри русии академии ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон фаъолият кард.
Ӯ оиладор буда соҳиби 4 нафар фарзанд мебошад.
Дар замони пандемияи коронавирус ӯ барномаи “Як пиёла чой бо Муқимҷон Абдуфаттоев”-ро дар шабакаи Ютуб ташкил намуд. “Азия-Плюс” бахшҳое аз ин саҳнаҳои ютубро дар як навор таҳия кардааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста