Низом Қосим дар Анҷумани XV-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз сӯйи вакилони ин анҷуман дигарбора раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Ӯ акнун панҷ соли дигар ин созмони эҷодиро раҳбарӣ хоҳад кард.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як созмони эҷодии вомонда аз даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки аз сӯйи ҳукумати Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Низом Қосим ба унвони раиси Иттифоқи Нависандагон бо он низ маъруф аст, ки дар замони раҳбарии ӯ 41 тан аз узвияти ин созмон ба далели ба гуфти раҳбарии ин ниҳод, "тасодуфӣ будан" ихроҷ шудаанд. Ин амалкарди раҳбарии Иттифоқи Нависандагон вокунишҳои зиёде дар ҷомеаи Тоҷикистон дошт. Ҳоло гуфта мешавад ин созмон наздик ба 400 узв дорад.
Ҳамчунин дар назар аст, ки Садорати ин иттиҳодия, муовинони раис ва сардабирони нашрияҳои он низ имрӯз дар ин анҷуман интихоб шаванд.
Иттифоқи нависандагон дар замони шӯравӣ яке аз ниҳодҳои муътабари ҷамъиятӣ дониста мешуд, ки раиси он дар ҷомеа аз мақом ва нуфузи болое бархӯрдор буд. Хусусан замони раисии шоирони варзидае чун Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат он яке аз ниҳодҳои муҳими идеологии Тоҷикистони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Дар соли 1991 интихоби раиси ин ниҳод яке аз пурбаҳстарин интихоботҳо буд, ки он замон Лоиқ Шералӣ ва Аскар Ҳаким номзади асосӣ буданд, ки интихобот бо пирӯзии Аскар Ҳаким натиҷагирӣ шуд.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон соли 1934 таъсис ёфтааст ва то кунун онро Абулқосим Лоҳутӣ, Саид Носиров, Нодир Шанбезода, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Аскар Ҳаким, Меҳмон Бахтӣ раҳбарӣ кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста