«Локдаун» lockdown аз ҷониби луғати бонуфузи Коллинз (Collins English Dictionary) Калимаи англисии соли 2020 дониста шуд.
Дар робита бо пандемияи Covid-19 истифодаи ин истилоҳи нисбатан нодир дар расонаҳои англисизабон ва дар интернет аз 4000 дар соли 2019 ба 4 миллион афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр мутахассисони Коллинз ба калимаи "Локдаун", ки пештар маънои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадид барои ҳаракат, тамосҳои иҷтимоӣ ва дастрасӣ ба ҷойҳои ҷамъиятиро дошт маънои нав илова намуданд:
“Чораи маҳдудкунандаи ҳукуматҳо барои маҳдуд кардани паҳншавии COVID-19”.
Луғати англисии Collins (Collins English Dictionary) аз ҷониби нашрияи HarperCollins аз соли 1979 инҷониб нашр мешавад. Аз он вақт инҷониб, 13 нусхаи ислоҳшудаи луӯат аз чоп баромада, аз соли 2011 инҷониб луғат дар Интернет дастрас аст.
Ҳар сол мутахассисони таҳририя бо истифода аз компютерҳо массиви тақрибан 4,5 миллиард калимаро таҳлил мекунанд ва "калимаи сол" -ро, ки дар забони ҳама буд, муайян мекунанд. Калима бояд нав бошад, ё ки истифодаи он якбора афзуда бошад.
Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!
Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста