Баъд аз ду рӯзи сабти ном нашудани сироятёбӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон шоми 2 январ Вазорати тандурустӣ эълон кард, ки дар кишвар 4 ҳолати нав сабти ном шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ дар мақомот хабар медиҳад.
Рӯзҳои 31-уми декабр ва 1-уми январ Вазорати тандурустӣ хабар дода буд, ки дар ин рӯзҳо ҳеч ҳолати нави сироятёбӣ ба ин вирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст, ҳарчанд ҷузъиёти ин хабарро мақомот дар ихтиёри расонаҳо нагузошта буданд.
Ҳоло бар асоси иттилои дарёфтӣ то 2-уми январи соли 2021 дар Тоҷикистон 13300 нафар гирифтори СOVID-19 шудаанду 90 кас бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додааст. Аз ин шумора ба иттилои Вазорати тандурустӣ 12980 нафар сиҳат шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026
Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад
Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026
Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста