ДАЪВАТНОМА
барои иштирок дар озмуни фурӯши трансформатор
Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимои Манотиқи Куҳистон (БҶИИМК)-лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон барои ба фурӯш баровардани молу таҷҳизоти зерин озмун эълон менамояд:

Предмети фурӯшро дар суроғаи нишондодашуда дар давраи аз 20.01.2021 сол то 09.02.2021 сол аз соати 9.00 то 17.00 (фақат дар рӯзҳои корӣ) аз назар гузаронидан мумкин аст.
Шахси масъул барои тамос ва пешниҳоди предмети фурӯш барои дида баромадан: Ҳукмов Беҳзод телефон: 93-111-45-45, email: behzod.hukmov@akdn.org
Шахсони ҳавасманд метавонанд пешниҳодҳои худро ба дафтарҳои кории БҶИИМК дар суроғаҳои шаҳри Кулоб, кӯчаи Худоёр Назаро-8 ва шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137,Тоҷикматлубот, ошёнаи 4 ба шахсони зерин пешниҳод кунанд:
* дар ш. Кӯлоб: Ҳукмов Беҳзод, телефон: 93 111-45-45; еmail: behzod.hukmovov@akdn.org
* дар ш. Душанбе Қудратов Улфатшо, телефон: 93 707-80-20; еmail: ulfatsho.qudratov@akdn.org
Мӯҳлати охири пешниҳоди дархостҳо то соати 09:00 санаи 10 феврали соли 2021. Дархостҳо бояд дар лиффофаи маҳкамшуда (мӯҳрзада) ба суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод шаванд. Дар қисми берунии лифофа бояд навиштаҷоти “Хариди трансформатори ГКПТ-100/6/0,4 КВт ” ва ному насаби иштирокчии музояда мавҷуд бошад.
Дар дохили лифофа бояд ҳуҷҷатҳои зерин гузошта шаванд:
* пешниҳоди харид бо нишон додани номгуйи ва нархе, ки иштирокчии музояда барои хариди предмети фурӯш пешниҳод кардааст бо рақам ва бо ҳарф;
* нусхаи ҳар ду тарафҳои шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
* маълумот дар бораи телефон ва дигар воситаҳои тамос бо иштирокчии музояда.
Пешниҳодҳо баррасӣ карда намешаванд, агар дар шакли кушод ва ё дертар аз мӯҳлати муқарраршуда ворид шудаанд ва агар дар дохили лифофа ҳуҷҷатҳои талабшуда мавҷуд набошанд.
Ғолиби озмун шахс (ё ташкилоте) дониста мешавад, ки барои хариди предмети фурӯш нисбати дигар иштирокчиён нархи баландтаринро пешниҳод карда бошад.
Пардохти маблағ барои трансформатор бояд дар шакли пули нақд ва ё ғайринақдӣ дар асоси шартҳои шартомаи хариду фурӯш дар мӯҳлати на дертар аз 5 рӯзи бонкӣ ба суратҳисоби БҶИИМК интиқол дода шавад.
Трансформатор аз рӯи принсипи “чи гуна аст ва дар куҷо” ва бе ягон кафолат аз тарафи БҶИИМК фурӯхта мешаванд.
Предмети фурӯш ба харидор танҳо баъди пурра пардохт шудани нархи музоядавии он ба суратҳисоби ташкилот, супорида мешавад. Трасформатори фурӯхташуда иваз ва бозпас қабул карда намешаванд. БҶИИМК барои таъмир, интиқол ва расонидани ягон хизматрасонӣ ба предмети фурӯхташуда масъулият надорад.
Диққат! Иштирокчиёни озмун соати 11.00 санаи 10-уми феврали соли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК ба суроғаҳои болозикршуда барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳои ба озмун пешниҳодшуда, даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд.
Ташкилот-Фурӯшанда ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни музояда ягон ӯҳдадорӣ ё ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фурӯшанда инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста