Маҷлиси миллӣ ё палатаи болоии порлумони Тоҷикистон номи ноҳияи Шаҳритуз дар вилояти Хатлонро ба Шаҳритус тағйир дод. Дафтари матбуоти палатаи болоии порлумон мегӯяд, ин ниҳод лоиҳаи қарори пешниҳодшуда аз сӯйи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтааст.
Ин қарор имрӯз дар дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ пазируфта шудааст.
Шаҳритус яке аз ноҳияҳои бузург ва гармтарини вилояти Хатлон аст, ки соли 1930 таъсис ёфтааст. Мувофиқи маълумоти расмӣ, ин ноҳияи бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар канори рӯди Кофарниҳон ҷой дорад.
Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулми Вилояти Балх дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳаммарз аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста