Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ва Фонди Оғохон (AKF) "Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон"-ро оғоз намуданд.
Ҳадафи асосии лоиҳа кумак ба мардум дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои машваратии босифат, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои зери назари лоиҳа мебошад.
Ба ин муносибат, 28 январи соли 2021 дар бинои Вазорати кишоварзӣ маросими имзои "Лоиҳаи озмоишии рушди агробизнес дар Тоҷикистон" баргузор шуд. Созишномаро ҷаноби Мунео Такасака, роҳбари намояндагии JICA ва ҷаноби Кишвар Абдулалишоев, директори иҷроияи AKF дар Тоҷикистон ба имзо расониданд.

Дар ин раванд, дар доираи ҳамкориҳои техникии JICA бо Вазорат дар самти рушди агробизнес, JICA ва Вазорати кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар Тоҷикистон ҳамчун таҷрибаи аввал дар Осиёи Марказӣ модели “Рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда барои хоҷагиҳои хурд” (SHEP)-ро татбиқ намоянд. Илова бар ин, JICA ва AKF ба Вазорати кишоварзӣ дар таҳкими иқтидори тахассусии деҳқонон бо дарназардошти вазъи пандемияи COVID-19 кӯмак мерасонанд.
Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҷиҳати рушди агробизнес ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Точикистон кумаки техникӣ мерасонад. Дар ин самт Фонди Огохон яке аз шарикони JICA дар татбиқи лоиҳа ба ҳисоб рафта, саҳми арзандаи худро дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон мегузорад.
Лоиҳа аз ҷониби ҳукумати Ҷопон тариқи JICA маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби AKF дар доираи нақшаи чорабиниҳои Вазорати кишоварзӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои пандемияи COVID-19 амалӣ карда мешавад. Муддати амалишавии лоиҳа 15 моҳ буда, ноҳияҳои Хуросон, Қубодиён, Шаҳритус ва ду ноҳияи ВМКБ-ро дар бар мегирад.
Лоиҳа
Ҳадафи асосии лоиҳа кумак ба мардуми дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути дастрасӣ ба хизматрасониҳои машваратии босифат, пешниҳоди тухмиҳои баландсифат ва фароҳам овардани инфрасохтори зарурӣ дар ноҳияҳои зери назари лоиҳа мебошад.
Илова бар ин, паҳн намудани усули SHEP барои баланд бардоштани иқтидори тахассусии деҳқонон ҷиҳати рушди кишоварзии ба бозор нигаронидашуда тариқи тақвият додани хизматрасонии машваратӣ дар соҳаи кишоварзӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисон барои паҳн намудани минбаъдаи модели SHEP дар байни кишоварзони Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошад.
Ҳукумати Ҷопон ва JICA кумакҳои худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ «Таъмини амнияти озуқаворӣ» тақвият бахшида, рушди соҳаи кишоварзиро афзалиятнок меҳисобанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста