Бар асоси як қарори нави раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ин ба баъд номи корхонаву иншооте, ки дар Душанбе бунёду ифтитоҳ мешаванд ва ҳамчунин номи иншооти бахши тиҷорату хидматрасонӣ, фарҳанг, маориф ба таври ҳатмӣ бояд бо мақомоти шаҳрдорӣ мувофиқа шаванд.
Ин тадбирро шаҳрдорӣ бар асоси иҷроӣ кардани Барномаи давлатии рушди забони давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 рӯйи даст гирифтааст, ки чанде пеш аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шудааст, гуфт як манбаъ аз шаҳрдорӣ ба «Азия-Плюс».
Ба гуфтаи манба ин қарор ба номгузориикӯчаву хиёбон, шаҳраку маҳаллаву боғу ҳавзу дарёҳо низ дахл дорад.
"Номи иншооти барҳол, хиёбонҳо, маҳаллаҳо, кӯлҳо, дарёҳо, иншшоти соҳаи тиҷорат, фарҳанг, маориф, фароғат ва ғайра бояд ба талаботу меъёрҳои забони тоҷикӣ мувофиқат кунанд",-гуфт манбаъ.
Шаҳрдори Душанбе ҳамчунин дастур додааст, ки барои аққалиятҳои миллие, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд давраҳои омӯзишии забони давлатӣ ташкил шавад. Маблағгузории ин давраҳои омӯзишӣ аз ҳисоби будиҷаи шаҳр сурат мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста