Тоҷикистон ба вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар бе натиҷаи тест иҷоза медиҳад, лекин онҳо бояд бо худ маълумотнома дар бораи ваксинагирӣ зидди коронавирус дошта бошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ, ёрии таъҷилӣ ва фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров.
“Шаҳрвандоне, ки ваксина гирифтаанд, бо пешниҳоди маълумот дар бораи ваксинзанӣ ба Тоҷикистон ворид шуда метавонанд. Аммо агар шаҳрванди хориҷӣ 2 ё 3 ҳафта пеш ваксина гирифта бошад, ӯро лозим меояд, ки тест супорад. Агар аз замони ваксинагирӣ як моҳ ё зиёдтар аз он муҳлат гузашта бошад, натиҷаи тест талаб намешавад”, - гуфт ӯ.
Шаҳрвандони хориҷӣ, ки зидди COVID-19 ваксина нагирифтаанд, мисли пештара бояд бо худ маълумотномаи ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат (се шабонарӯз) то замони убури марз дода шудааст. Барои кӯдакони синни то 3-сола чунин маълумотнома талаб намешавад.
Ҷаъфаров қайд кард, ки тайи ду моҳи охир дар кишвар ягон ҳолати сироят аз коронавирус ба қайд гирифта нашуда, инчунин штаммҳои нави африқоиҷанубӣ ва бритониёии ин вирус дар Тоҷикистон ҷой надорад.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон барои ваксиназании гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ мувофиқи тақсимоти ваксинаҳои зидди коронавирус бо ташаббуси COVAX 732 ҳазор воя (доза)-и ваксинаи AstraZeneca/Oxford мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста