Дар шаҳри Душанбе рӯзи 22 март Форуми II байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” баргузор мешавад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин чорабинӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби ғояҳои созандагии Иди байналмилалии Наврӯз, фарҳангу таърихи миллати тоҷик, муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, ҷалби сайёҳон, сармоягузорӣ, рушди имкониятҳои соҳибкорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои бародаршаҳрӣ доир мегардад.
Дар робита ба пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон шудани Душанбе дар соли 2021, ба иштирок дар кори форум намояндагони ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват шудаанд.
То имрӯз Ӯзбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи Иттиҳод иштироки намояндагони худро дар кори форуми Душанбе тасдиқ карданд.
Барои баргузории форум аз буҷети шаҳр ҳудуди 428 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.
Ёдра мекунем, ки Форуми I байналмилалии “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” 22 марти соли 2019 баргузор шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста