Аҳлиддин Шарипов, ҳунармани шинохтаи театри "Аҳорун" шаби 29-уми март бар асари фишорбаландӣ даргузашт. Ин ҳунарманд ҳамагӣ 60 сол дошт ва аз ёрони бунёдгузори театри "Аҳорун" коргардон ва ҳунарманди пуровоза Фаррух Қосим буд.
Маросими ҷанозаи ҳунарманд, баъди намози пешини имрӯз, дар масҷиди воқе дар маҳаллаи мавсум ба киллометри нуҳуми шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Аз театри "Аҳорун" ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ӯ дирӯз то бегоҳ дар кор буд ва субҳи имрӯз наздиконаш занг задаву гуфтанд, ки бар асари фишорбаландӣ даргузашт.
Сабоҳат Қосимова, мудири театри "Аҳорун" гуфт, ки ҳунари Аҳлиддин Шарипов худодод буд. "Ӯ одами зиндадил ва якрӯй буд. Аҳлиддин аз одамҳои дурӯя набуд. Нақши Аҳлиддин дар театр ғайриодӣ буд, нақше, ки танҳо ӯ бозӣ карда метавонист".
Ба гуфтаи Сабоҳат Қосимова ӯ аз рӯзҳои нахустини таъсиси театри "Аҳорун" то поёни умр бо ин театр буд.
Аҳлиддин Шарипов бештар аз 40 соли умри худро дар театр гузарондааст. Ӯ дар намоишҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд" "Хари Даҷҷол" ва намоишҳои Фаррух Қоим нақшҳои мондагоре офарида буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста