Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон либоси нави занонаи кормандони милисаро муаррифӣ кардааст, ки бархе аз либосҳо аз матои миллии атлас омода шудаанд.
ВКД бо нашри чанд акс дар торнамояш навиштааст, ки ин либосҳо "либоси идонаи низомӣ ва саҳрои миллии занонаи корманди милитсия" мебошад.
ВКД мегӯяд, ки либоси идонаи низомӣ ва саҳроии миллии занони корманди милиса аз матои атласу адрас дӯхта шудаанд.
Як манбаи «Азия-Плюс» аз бахши низомии Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мувофиқи қоидаҳои мавҷуда намунаҳои либоси кормандони мақомоти қудратӣ ва ворид кардани тағйирот ба онҳоро бояд, шахсан худи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ мекунад.
«Агар намунаҳои нави либоси кормандони зани милиса аз сӯйи президент тасдиқ шавад, баъдан истеҳсоли онҳо ба роҳ монда мешавад», - таъкид кард манбаъ.
Гуфта мешавад ин либосҳоро тарроҳони вилояти Суғд тарҳрезӣ кардаанд ва дар сафари ахири раисҷумҳур ба вилояти Суғд, ҳангоми боз кардани Маркази омӯзишии ВКД дар шаҳри Гулистон, 7 апрел муаррифӣ карда шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста