Дишод Басир, соҳибкори тоҷики муқими Туркия субҳи имрӯз дар Истамбул бар асари беморие, ки дошт, дар синни 45-солагӣ даргузашт. Дар ин бора наздикони марҳум ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Дилшод Басир мудири кулли ширкати "Глобал Моторс" ва фарзанди шоири шинохта ва фақиди тоҷик Басир Расо буд.
Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ ҳамроҳ бо хонаводааш дар Истамбул зиндагӣ мекард ва тиҷораташро баъди чанд соли кор дар Тоҷикистон дар Туркия мечархонад.
Дар ҳоли ҳозир барои овардани ҷасади марҳум ба Душанбе наздикону пайвандонаш даст ба кор шудаанд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Дилшод Басир ба унвони як соҳибкори боахлоқу боимон ва саховатманду ҷавонмард ёд кардаанд ва гуфтаанд, ки ҳамеша варзишгарону донишмандонро ёрии молӣ мекардааст.
Гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс марги ин соҳибкори хушноми тоҷикро ба тамоми наздикону пайвандонаш таслият арз мекунад ва дар ин мусибати сахт барояшон сабру бурдаборӣ мехоҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста