ЭЪЛОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ТЕНДЕР
Ташкилоти ҷамъиятии Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК) -и лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон ҳамаи ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқиро барои иштирок дар тендери мазкур даъват менамояд:

Ширкатҳои ҳавасманд метавонанд, тамоми маҷмӯъи ҳуҷҷатҳои тендериро дар шакли пурра тариқи почтаҳои электронии nusratullo.miralibekov@akdn.org ё ulfatsho.qudratov@akdn.org баъди пардохти маблағи муайяншуда, дастрас намоянд. Арзиши ҳуҷҷатҳои тендери 200 (дусад) сомониро ташкил медиҳад, ки бояд ҳамчун пардохти бебозгашт ба суратҳисоби ташкилот сурат гирад. Мӯҳлати охирон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ 26.04.2021 сол
Шахси масъул оиди эзоҳдиҳии ҳуҷҷатҳои тендерӣ
Шерзамонов Ёдгор, телефон: 935008990; е-mail: yodgor.sherzamonov@akdn.org
Шахсони масъул барои пешниҳод ва қабули ҳуҷҷатҳои тендерӣ:
Дар ш. Хоруғ: Нусратулло Миралибеков, телефон: +992938858989; е-mail: nusratullo.miralibekov@akdn.org
Дар ш. Душанбе: Қудратов Улфатшо, телефон: +992372247650; е-mail: ulfatsho.qudratov@akdn.org
Таваҷҷӯҳ: Таҳияи нодурусти ҳуҷҷатҳо ё пешниҳод нашудани яке аз ҳуҷҷатҳои талабшуда ва ё мавҷуд набудани маълумоти талабгардида, асос барои соқит кардани пешниҳодоти тиҷоратии пудратчии эҳтимолӣ аз таҳлилу баррасии минбаъда шуда метавонанд.
Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то санаи 28 апрели соли 2021 соати 09:00 мебошад. Пешниҳоди тиҷоратӣ бояд мувофиқи талаботи дар “Ҳуҷҷатҳо барои тендер” нишондодашуда ва дар лифофаи мӯҳршуда дар ду нусха (аслӣ ва нусха), омода ва ба шахсон ва суроғаҳои дар боло зикршуда пешниҳод карда шавад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.
Диққат! Иштирокчиёни тендер соати 10.00 санаи 28-уми апрели соли 2021 ба дафтарҳои кории БҶИИИМК ба суроғаи ш. Хоруғ кӯчаи Ленин 62 ва ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4-ум барои иштирок дар раванди кушодани пешниҳодоти тендерӣ даъват карда мешаванд. Бо худ доштани ҳисобҳои сметавӣ дар шакли электронӣ ҳатмист.
Намояндагони ширкатҳои довталаб барои иштирок дар раванди кушодани лифофаҳои тендерӣ ба суроғаҳои болозикршуда даъват карда мешаванд ва ё метавонанд тариқи онлайн тавассути Skype иштирок намоянд
Ташкилот-Фармоишгар ҳуқуқи қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда, ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ дар назди Иштирокчиёни тендер ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин ҷиҳати пешниҳоди маълумот ба онҳо дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва қарори қабул кардааш низ ӯҳдадор нест.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста