Солҳои 2022-2023 1050-солагии донишманди бузурги тоҷик Абурайҳони Берунӣ бо ҳимояти ЮНЕСКО – созмони илму ҳунари СММ таҷлил мешавад. Ин тасмим 17-уми апрел дар Иҷлосияи 221-уми Шӯрои иҷроияи ин созмон гирифта шуд.
Пешниҳоди таҷлили 1050-солагии Берунӣ ба ЮНЕСКО аз сӯйи Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон ва Туркия дода шуда буд. Хабаргузории давлатии «Ховар» хабар медиҳад, ин масъала моҳи ноябри соли равон барои таъйи ба иҷлосияи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар Пориси Фаронса пешниҳод хоҳад шуд.
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ, донишманд, риёзидон, ҳамачиздон (энсклопедист), ситорашинос, тақвимшинос, инсоншинос, ҳиндшинос, таърихнигор, гоҳнигор ва физикдони барҷастаи форсу тоҷик аст. Беруниро аз бузургтарин донишмандони мусулмон ва яке аз бузургтарин донишмандони тамаддуни эронӣ дар ҳамаи бахшҳо медонанд.
Ба навиштаи донишмандон ӯ ба забонҳои хоразмӣ, форсӣ, арабиву санскрит мусаллат буд ва бо забонҳои юнони бостон, ибрии тавротӣ ва сурёнӣ ошноӣ дошт.
Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар шаҳри Кос, пойтахти бостонии Хоразм, ки ба ҳайати Давлати Сомониён (ҳоло шаҳри Берунӣ дар Қароқалпоқистон) дохил буд, таваллуд шудааст. 9 декабри соли 1048 даргузаштааст ва дар шаҳри Ғазнини Афғонистон мадфун аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Соли 2026 муҳоҷиронро дар Русия чӣ интизор аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста