Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимои манотиқи кӯҳистон (БҶИИМК), лоиҳаи Фонди Тоҷикистонии Оғохон  дар чаҳорчӯбаи  лоиҳаи “Баланд бардоштани сифати зиндагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути идоракунии устувори захираҳои табиӣ”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузори мешавад, корхонаю ташкилот ва мушовирони инфиродиро  барои иштирок дар озмуни  кушод  оид ба дарёфти тренер барои таҳия намудани маводҳои омӯзишӣ ва гузаронидани омӯзишҳо даъват менамояд, ки таснифоти он дар поён зикр гардидааст:


Талаботҳо нисбати омӯзгор/тренер:

·         Маълумоти олӣ дар самти илмҳои кишоварзӣ ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо бо дарназардошти рукни рушди деҳот ё дигар касбҳои мувофиқ;          

·         Доштани унвони илмӣ афзалият хоҳад дошт;

·         Малака ва таҷрибаи хуб дар самти коркарду таҳияи мавод (дастурот, роҳнамо, модулҳо)-омӯзиши, ё ба ин монанд;

·         Ҳадди аққал 5 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи рушди деҳот, махсусан дар самти рушди ташкилотҳои ҷомеаасос;

·         Аз 5 то 10 соли таҷриба дар самти гузаронидани тренингҳо ва омӯзишҳо;

·         Дар асоси талабот ба хизматрасонии кишоварзӣ таҳия ва барои тасдиқ намудани модули омӯзишро пешниҳод намояд.

·         Нақшаи технологии парвариш ва ҳимояи интегратсионии растанӣ, ба шакл дарории растанӣ ва пайванд барои ГИ дар Кумитаӽои маӽаллаҳои зерҳавзаҳои обиро ташкил намояд;

·         Барои пеш бурдан, санҷидан ва ташвиқу тарғиб намудани маводӽои дорои сифати беҳтар ва риояи қоидаӽои агротехникии истифодаи онӽо пайваста бо ГИ ва истеӽсолкунандагони хурд (деӽқонон) кумак намояд;

·         Таъминкунандаи хизматрасонӣ бояд ба аъзоёни ГИ ва ГТД тарзи истифодабарии агротехнологияро пурра то охири мавсим фаҳмонда диҳад ва бо дастурамал таъмин намояд;

·         Дигар пешниҳодҳои муфид ва мувофиқ барои такмил додани хизматрасонии кишоварзӣ аз тарафи мушовир-агроном қобили қабул ҳастанд.

·         Маҳорати пешниҳод намудани ҳисоботи хаттӣ оиди фаъолиятӽои иҷрошуда;

·         Доштани малакаи аълои навиштан, хондан ва гап задан бо забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.

Барои дарёфт намудани маълумотӣ иловагӣ дар бобати мавзъӯҳо ва шартҳои озмун метавонед ба мутасаддии лоиҳа дар н. Айнӣ  Дадоҷон Қодиров, рақами телефони мобилӣ 937977090 ва суроғаи электронӣ: [email protected] муроҷиат намоед.

Ҳар як хоҳишманд метавонад пешниҳодоти тиҷоратии худро  дар лифофаҳои коғазини  маҳкам (мӯҳр) кардашуда, то санаи муқарраргардида  ба офисҳои БҶИИМК дар ш. Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4 ба шахси дар поён нишон додашуда пешкаш намоянд.

Шахси масъул барои қабули  ҳуҷҷатҳои озмун:

Қудратов Улфатшо, телефон: +992372247650, е-mail: [email protected]

Дар   пешниҳодоти тиҷоратӣ  мавҷудияти  маълумотҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

·         Мактуби таваҷҷӯҳӣ;

·         Пешниҳодоти тиҷоратӣ бо нишон додани маблағи хароҷотҳо барои гузаронидани омӯзиш, ҳаққи хизмат ва таҳияи  маводҳои омӯзишӣ (модулҳо);

  • Маълумот дар бораи шартҳо ва шакли пардохти ҳаққи хизмат;

·         Мӯҳлати  иҷрои хизматрасонии  дархостшуда;

·         Шаҳодатномаи муассиса/ташкилоти довталаб ё ҳуҷҷатҳои шахси инфиродӣ;

·         Ҳолномаи (CV) - и мутахассисони инфиродӣ/тренерон;

·         Ҳуҷҷатҳои иловагӣ (сертификати гузаронидани омӯзишҳо, дипломи маълумоти олӣ).

·         Маълумот дар бораи таҷрибаи гузаронидани омӯзишҳо.

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо 4-уми майи соли 2021 то соати 09.30  мебошад. Дархостҳое, ки аз мӯҳлати муқарраршуда дертар пешниҳод карда мешаванд, ба инобат гирифта намешаванд.

Диққат!   Иштирокчиёни озмун соати  10.00 санаи  4-уми майи соли 2021 ба дафтари кории БҶИИИМК  ба суроғаи  ш. Душанбе дар суроғаи хиёбони Рӯдакӣ 137, бинои Тоҷикматлубот ошёнаи 4  барои иштирок дар раванди кушодани  лифофаҳо бо пешниҳодоти тиҷоратии довталабон,  даъват карда мешаванд.

Ташкилот-Фармоишгар  ҳуқуқи  қабул кардани дилхоҳ пешниҳодоти ба озмун воридшуда  ё рад кардани ҳамаи пешниҳодҳоро дар дилхоҳ вақт то бастани шартнома дорад ва барои ин иқдоми худ  дар назди Иштирокчиёни тендер  ягон ҷавобгариро ба ӯҳда намегирад. Ташкилот-Фармоишгар инчунин  ҷиҳати пешниҳоди маълумот  ба онҳо  дар бораи сабабу асосҳои амалҳо ва  қарори қабул кардааш низ  ӯҳдадор нест.